Карана вирус дар эрон

Обновлено: 23.04.2024


Акси марбута
Сурат: Reuters

300 нафар мусофироне, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, дар карантин ба муҳлати 14 рӯз ҷойгир карда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар онҳо аломатҳои сирояти коронавирус ошкор нашуда, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ онҳо 14 рӯзро, ки маҳз ҳамин давра муҳлати инкубатсионии вирус давом мекунад, дар карантин мегузаронанд.

Ба иттилои манбаъ, аз шумори омадагон беш аз 220 нафар дар беморхонаи сироятии пойтахт бистарӣ шудаанд.

“Айни замон беморхонаи сироятӣ дар маҳаллаи Зарафшон барои қабули дигар беморон баста аст. Он ҷо беш аз 220 кас бистариянд. Боз 80 нафар дар минтақаҳои карантинии дигар вилоят ва ноҳияҳои кишвар қарор доранд. Беморони худи дармонгоҳро дар беморхонаи сироятии клиникии кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойгир карданд”, - хабар дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, миёни касоне, ки дар карантин мебошанд, асосан донишҷӯёну тоҷирон ва ҳамчунин шаҳрвандони Чин, ки дар Тоҷикистон кор мекунанд, ҳузур доранд.

Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ҳамаи шахсони аз Чин омадаро санҷида, ба беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшон фиристоданд. Зикр гардид, ки онҳо аз Чин тариқи хатсайри Алмаато-Душанбе омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, дар робита ба қатъи парвозҳо донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон зимни сафар ба хонаҳояшон аз Чин дучори мушкилот шудаанд. Дар Facebook рӯзи якшанбе навори видео нашр шуд, ки дар он эътирози донишҷӯён аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар фурудгоҳи шаҳри Сиани Чин мушоҳида мешавад. Онҳо лавҳаҳо бо навиштаҷоти англисии “Мо хона рафтан мехоҳем!”-ро дар даст доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.


Фото: Акси марбута

Дар Тоҷикистон коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд.

Имрӯз, 30-юми апрел зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 дар ин хусус расман эълон шуд. Ҷаласа таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон ва раиси ин ситод Қоҳир Расулзода доир гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, бо назардошти ин вазъ Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус ( CОVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон намуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳамчунин оид ба ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолӣ қарор қабул кард.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID-19) барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15-уми майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1-уми феврал ба ҳолати субҳи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон бо мақсади муаяйн ва ошкорсозии сирояти коронавирус 10937 нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора то имрӯз 8438 кас дар ҳолати муътадил ва солим ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 нафар таҳти муоина ва назорати табибон қарор доранд. Рӯзи 29-уми апрел аз муассисаҳои тиббӣ 304 кас ҷавоб дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Табибон бемори коронавирусро табобати мекунанд. Теҳрон, 17 марти соли 2020

Дар ҳоле ки шумораи қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 1000 нафар мерасад, телевизиони давлатии ин кишвар ҳушдор дод, ки агар ҷомеа ба чораҳои ҳифзи саломатӣ беэътиноӣ кунад, ин беморӣ метавонад "миллионҳо" нафарро дар Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳалокат расонад.

Ин ҳушдор пас аз нимирӯзии 17-уми март, баъди он пахш шуд, ки Вазорати тандурустии Эрон гуфт, ки дар як рӯзи гузашта 135 аз бемории КОВИД-19 фавтидаанд. Ин афзоиши 13-дарсада шумораи умумии қурбониёни коронавирусро дар Эрон ба 988 нафар расонд. Ҳамин тавр, Эрон пас аз Чин ва Итолиё савумин кишварест, ки бештарин мавридҳои тасдиқшуданро дорад.

"Ҳисоботи беш аз 56 лаборатория нишон медиҳад, ки дар тӯли 24 соати охир мо 1718 ҳолати нави тасдиқшудаи сирояти COVID-19-ро дорем", -- гуфт сухангӯи вазорати тандурустӣ Киёнуш Ҷаҳонпур.

"Ин шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшударо то нимаи имрӯз ба 16 169 адад расонд",-- афзуд Ҷаҳонпур.

Афзоиши фавт дар ҳоле рух дод, ки Эрон тақрибан 85,000 маҳбусро қабл аз 17 март озоод кард, то аз авҷгирии беморӣ дар зиндонҳ пешгирӣ шавад.

Сухангӯи додгоҳ Ғуломҳусайн Исмоилӣ гуфт, ки дар байни озодшудагон маҳбусони сиёсӣ низ буданд.

"Тақрибан 50 дарсади афроди раҳошуда зиндониҳои марбут ба масъалаҳои амниятӣ буданд . Инчунин дар зиндонҳо мо барои пешгирии авҷ гирифтан чораҳои эҳтиётӣ дидем", -- гуфт Исмоилӣ, аммо ҷузъиёти бештаре надод.

Шубҳаҳое вуҷуд доранд, ки ҳамаи ин арқом назар ба ончӣ ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, фарқи ҷиддӣ дорад.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 16 март эрониёнро даъват кард, ки дар ҷашни Наврӯз дар 20 март дар хона бимонанд ва аз сафар ба наврӯзгоҳҳо худдорӣ кунанд. Телевизиони давлатӣ хабар дод, ки бисёре аз мазору ибодатгоҳҳои кишвар аз бими паҳн шудани коронавирус баста шудаанд.

Ин эълонҳо тақводорони сарсахти шиъаро ба хашм овард ва онҳо саҳни ду зиёратгоҳи муҳими эрониён -- масҷиди Имоми Ризо дар Машҳад ва мақбараи Фотимаи Масумаро дар Қум ишғол карданд. Издоҳоми зоирон дар ин ҷойҳо 24 соат дар як рӯз, ҳафт рӯз дар ҳафта намоз мегузоранд ва қабру зиёратгоҳро даст расонда, мебӯсанд. Ин ҳолат масъулони соҳаи тандурустиро ба ташвиш овард ва онҳо ҳафтаҳо пеш ба рӯҳониён дастур доданд, ки зиёратгоҳҳро банданд.

Ин рӯҳонӣ намояндаи расмӣ Теҳрон дар Маҷлиси Коршиносон буд. Маҷлиси Коршиносон ё Хубрагон, 88 рӯҳонии қудратмандро дар бар мегирад, ки раҳбари олии Эронро таъйин ва назорат мекунад. Пеш аз ин чанде аз чеҳраҳои саршинос ба монанди Ҳусейни Шайхулислом ,муовини пешини вазорати хориҷӣ, Ҳодии Хусравшоҳӣ, сафири пешин, Фотимаи Раҳбар намояндаи мунтахаби маҷлис ва Муҳаммади Мирмуҳаммадӣ узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Ҷумҳурии Исломӣ аз вируси корона фавтиданд.


Ҳадди аққал 12 сиёсатмадор ва мансабдори эронии имрӯза ва ё пешина аз беморӣ фавтиданд ва 13 нафари дигар олудашуда ё дар карантин мебошанд ва ё табобат мегиранд.

Бар асоси баррасиҳои радиои Фардо то кунун зиёда аз 32 ҳазор нафар ба сабаби доштани нишонаҳои короновирус дар 30 вилояти Эрон бистарӣ шуда ва ё зери назар мебошанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

На сегодня 24.04.2022 в Иране зафиксировано 7 216 040 случаев заражения коронавирусом COVID-19. Это составляет 1,42% от общего количества зараженных. К сожалению, на сегодня в Иране погибло уже 140 975 человек, летальность составляет 1.95%. Полностью вылечили от вируса 6 966 954 человек, восстановление составляет 96.55%. Иран занимает 16 место в рейтинге по количеству зараженных людей во всем мире.

Сколько зараженных коронавирусом в Иране на 24.04.2022

Эпидемиологическая обстановка в мире должна отслеживаться, но не служить поводом для спекуляций и паники. Таким мнением поделился в беседе с .


Важное о коронавирусе

Нейроковид

После первой волны коронавирусной инфекции у населения сложилось мнение, что болезнь опасна только для старых и больных людей. Однако последние .


Случаи заболеваемости COVID-19 растут, новые штаммы провоцируют заболеваемость и детей. Это объясняет низкую посещаемость в дошкольных и школьных учреждениях. Будет .

Стелс-омикрон

Появление новых штаммов коронавируса обусловлено непрерывным характером эволюционного процесса. Субварианты вирусов появляются постоянно, но закрепиться в популяции удается единицам. Омикрон .

В декабре 2021 года Т. Голикова сообщила, что при обнаружении в крови антител человек сможет получить QR-код. С учетом этих .

Инкубационный период — начальный скрытый период инфекционной болезни с момента внедрения возбудителя в организм до появления клинических проявлений. Первые симптомы .

ковидные пальцы

Ученые назвали новый симптом коронавирусной инфекции – ложное обморожение конечностей, которое получило название ковидных пальцев. Признак наблюдается у каждого пятого .

Общая мировая статистика

Данные по другим странам

Карта и статистика

Обновить данные Обновляется. Обновлено! Обновить данные Обновляется. Обновлено!

Читайте также: