Махлул барои пешгири аз вирус дар то?икистон

Обновлено: 19.04.2024

ИНФЕКСИЯИ ТОҶВИРУСӢ

– ин аст шамолхӯрии шадиди роҳҳои нафас, ки аз тарафи тоҷвирус ё худ коронавируси nCoV ангехта мешавад.

МАЪЛУМОТ

Корона ё худ тоҷвирусҳо гурӯҳи ба ҳам аз ҷиҳати ирсӣ наздики вирусҳо мебошанд, ки ба ҳайвонот ва одамон мегузаранд. Гоҳо чунин сироят бенишон мегузарад, гоҳо ба шакли шамолхӯрии назарногире. Дар ҳолатҳои вазнин сирояти мазкур газаки шушро ба миён оварда, метавонад сабаби марг низ гардад.

Тоҷвирус метавонад узвҳои ҳозимаро низ касал намояд.

РОҲҲОИ ГУЗАШТАНИ ВИРУС

Тоҷвирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса додан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин, ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд ё даст расонид, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.

Вирус метавонад ҳатто дар давраи инкубатсионӣ, яъне давраи номаълумиаш, аз касал ба солим гузарад.

РОҲҲОИИ ПЕШГИРИИ КАСАЛӢ

1. Реҷаи корӣ ва дамгириро риоя кунед. Аз хоб сер шавед. Ҷисми наѓз дамгирифта барои касалиҳо як дижи дастнорас мешавад.

2. Дуруст ғизо хӯред — барои солимии ҷисм на кам аз 400 г маҳсулоти растанигӣ ҳар рӯз хӯрдан лозим аст. Хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоиданок бой мебошад.

3. Маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро танҳо баъди тамизгарии ҳароратӣ истеъмол намоед.

4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед, ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни ҷисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм — қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз хӯрок ва байни хӯрокхӯрӣ нўшед.

5. Ҷисман фаъол бошед – гимнастикаи ҳамарӯзаи бамеъёр масунияти ҷисмро то 32% баланд мебардорад, гоҳе ки женшен ҳамагӣ 11 % ва зарбеҳ 19%.

6. Баданро обутоб дињед. Ин рохи маълуму маъруфи пешгирии касалињо мебошад.

7. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед.

8. Ба назди одами бемор бе воситаҳои муҳофизӣ аз 3 метр наздиктар наравед.

9. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои касал истифода набаред.

10. Аз маскаи ҷаррохии тиббӣ истифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Кашидани ниқоби тиббӣ ба рӯй ҳангоми муоширати сиҳат бо бемор ва бемор бо сиҳат барои пешгирии касалшавӣ зарур аст.

Дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода баред, дар нақлиёт, ҷои кор, ҷои дарсомӯзӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра

11. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун напартоед.

12.Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.

13. Хонаро тез — тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.

14. Ҷойгаҳи касалро аз дигарон бо парда ҷудо намоед.

15. Тамоку ва нос накашед. Агар имкони партофтан нест, пас камтар кашед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар ҷойҳои беодам тамоку кашед ва партоби носро танҳо ба канализатсия (ташт) партоед, агар касал бошед, вирусатон ба дигарон сироят накунад. Тамоку ва нос ҷисми шуморо заҳролуд намуда , масунияти шуморо паст мефарорад, , қобилияти девории пардахои луобиро то 3 баробар паст намуда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муњайё месозад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: истгоҳҳо, вокзалҳо, аэропорт, гузаргоњҳои зеризаминӣ ва тротуарњо, дар наздикии даромадҳои мағозаҳову корхонаҳо тамоку накашед. Одамони аз ин пойбандаги озод бояд худашонро аз дуд эҳтиёт кунанд.

16. Нӯшокиҳои алкоголӣ нанӯшед. Онҳо ҷисмро заҳролуд намуда, масуниятро заиф мегардонанд, пардаҳои луобиро хушк намуда, қобилияти муҳофизавии онҳоро паст менамоянд ва барои вирусҳо дарҳоро мекушоянд.

17. Ҳар рӯз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним қошуқча намаки ошии баҳри+ ним қошуқча содаи оши + 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи кашидан ба бинӣ шӯед.

Гулӯро низ бо намакоб баъди хӯрок ғарғара намоед. Хусусан баъди муошират бо одамон ин амал ҳатмист.

18. Некназар бошед. Некназари масуниятро мустаҳкам месозад. Фаромӯш накунед, ки тафаккури мо то андозае муайяне воқеиятро меофарад.

МАЪЛУМОТНОМА

Абдулло Хоҷаев, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1981. Ӯ дар Федератсияи Русия дар Институти тадқиқотии М.Ф. Владимирскии вилояти Маскав ва дар Маркази тиббии №1-и Маскав фаъолият намудааст.


Хотиррасон бояд кард, ки мувофиқи меъёрҳои илми ҳуқуқи ҷинояти ноболиғ шахсе эътироф мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят 14-солагиро пур карда, ба сини 18 нарасидааст.

Тибқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳия ва дар ҷамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маҷлисҳои падару модарон гузаронида, дар он яке аз масъалаҳои баррасишаванда иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” буд, ки дар рафти он ба иштирокчиён мазмуну моҳияти қонуни мазкур фаҳмонида шуд.

Дар ноҳия рейдҳои муштарак оид ба пешгири намудани ворид шудани хонандагон ба муассисаҳои таълимӣ бо телефонҳои мобилӣ гузаронида шуда, риояи сару либоси тавсиявӣ, давомот ва рӯзномадории хонандагон дида баромада шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқи нақша-чорабиниҳои тартибдодашуда баҳри таҳкими ватандӯстии ҷавонон, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо, инчунин оид ба ахлоқи ҳамида, фарҳанги либоспӯшӣ, дар байни хонандагон ва падару модарон баромадҳо ташкил карда шуданд.

Аз тарафи кормандони шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон вохӯрию суҳбатҳои пешгирикунӣ гузаронида, волидайни хонандагон оид ба муносибати махсус бо ноболиғон дар мактабу хона маслиҳатҳои лозима дода шуданд. Хусусан барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои ифротӣ, гирифторшавӣ ба нашъамандӣ ва содир намудани сӯйиқасд ба ҷони худ ба падару модарон маслиҳату дастурҳои махсус дода шуд.

Дар баробари ин тарбияи насли инсон кори ниҳоят душвор буда, дониши амиқ ва маҳорати муайянро талаб менамояд. Сабабҳои асосии бетарбияии фарзандонро дар инҳо мебинад, эрка тарбия намудани фарзандон, инчиқии наврасон дар оила, аҳамияти муҳит, тарбияи хушмуомилагӣ, ёд додан, мақоми хушмуомилагӣ дар азнавтарбияткунӣ, хоксорӣ, намунаи ибрати падару модар ва ғайра.

Ҳамасола ҷиноятҳои содиршударо бо иштироки ноболиғон дар муқоиса бо солҳои пешин муҳокима мекунем ва хулоса мебарорем. Вале фикр мекарда бошем, ки бо кадом роҳ ин амалҳои номатлуб бояд решаканда карда шаванд? Охир ҷиноят, он хоҳ хурд бошад, хоҳ калон, доимо хатар дорад. Ба фикри ман барои ҳалли ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи ноболиғон ба назар гирифтани як қатор омилҳо аз манфиат холӣ нест. Чунончи:

– фаъол гардонидани нақши равоншинос дар оила;

-омода намудани дастуру тавсияҳо доир ба пешгирии ҷиноятҳои гуногун;

– ҷалби волидон тавассути чорабиниҳои гуногун;

– ташкилу вохӯриҳо бо аҳли илму адаб, фарҳанг, мақомоти низомӣ, собикадори меҳнат ва фаъолони ҷомеа;

-баргузории семинару маҳфилҳо бо мақсади баланд бардоштани донишҳои равонии падару модарон;

-баланд бардоштани масъулияти мақомоти маҳал ҷиҳати таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба ҳаёти ноболиғон.

Боварӣ дорем, ки чунин имкониятҳо метавонанд ноболиғонро аз даст задан бар ҳар гуна амали ноҷо ва ҳуқуқвайронкунӣ ҷилавгирӣ намуда, онҳоро ба дарки моҳияти қонун, хатари ҷинояткорӣ, озодии виҷдон, покизагии ахлоқ, эҳтиром ба қонун, волоият ва иҷрои бемайлони он водор намояд.

Дар ҳар як гузаргоҳи сарҳадӣ бояд як хоначаи махсус барои дуд кардани ҳазориспанд сохта шавад. Шаҳравандоне, ки аз сарҳади давлатӣ гузаштанӣ мешаванд, аз дохили ҳамон дудхона гузаронида шаванд.


Иттилои мазкур чанде қабл аз ҷониби рӯзноманигори ҷавони маҳаллии ноҳияи Деваштич ба фейсбук роҳ ёфт ва миёни корбарони иҷтимоии тоҷикзабон паҳн гардид.

Your.tj бо Нарзулло Юсуфзода тамос гирифт, то бифаҳмад, ки тавсияи ӯ то куҷо дуруст аст, оё худи ӯ тавсияи мазкурро таҷриба кардааст ё на.


Нарзулло Юсуфзода. Акс аз гуруҳи фейсбукии Коронавирус Тоҷикистон

“Ин коронавируси дайду тамоман несту нобуд мешаванд”

Нарзулло Юсуфзода, 25-уми июни соли 1943 дар деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1974 то 1982 ҳамчун инженери шӯъбаи №2 совхози ба номи Садриддин Айнии ноҳия фаъолият кардааст. Дар ин солҳо ӯ ба ҳайси нишонадорак (указатель)-и ҳавопаймоҳои дорупошӣ фаъолият кардааст. Ӯ аз коронавирус ва оқибатҳои он ба шубҳа афтода хост, ки аз таҷриба ва ёддоштҳои куҳани худ барои пешгирии роҳи паҳншавии он тавсияҳо дода, ҳиссаи худро гузорад.

“Аввал пеш аз ҳама ба воситаи ҳавопаймоҳои дорупошак тамоми сарҳади ватанамонро аз баландии 20 метр ва бараш 50 м доруҳои кимиёвӣ ба монанди хлор, хлорофос, дихлофас, акрекс, келтин ва ғ. пошидан лозим аст, – мегӯяд Юсуфзода. – Дар ҳама беморхонаҳои хурду калон, шоҳроҳҳои дохилии кишвар, корхонаҳои хурду бузург, марказҳои савдо, бозорҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки дар он ҷо коронавирус вуҷуд дорад аз ин доруҳо васеъ истифода кардан, лозим аст”.

Барои ин кор бояд пеш аз ҳама, дар ҳар вилоят ва минтақаҳои кишвар фурудгоҳҳои махсус ташкил карда шуда, ҳавопаймо ва чархболҳои махсус бо таҷҳизоти дорупошӣ ҷиҳозонида шуда лозим аст.

Ӯ барои он истифодаи ин доруҳои кимиёвиро тавсия медиҳад, ки замони кӯдакиаш, яъне аз соли 1952 инҷониб ба воситаи ҳавопаймоҳои хоҷагии қишлоқ (ОТН, ОШЦ ва ОВХ) ва аппаратҳои дастӣ ба пахтазорҳо, дарахтзорҳо ва тамоми киштзорҳою дигар майдонҳои хоҷагии қишлоқ чунин доруҳо мепошиданд. “Дар мавсими дорупошӣ нашунидам, ки ягон кас бемор шудааст ё мурдааст. Шахсан ман борҳо замони дорӯпошии ин самолётҳо зери он монда шип-шилта (тар шудам,- аз идора) шуда будам ва ба ягон беморӣ гирифтор нашудам. Аз ин рӯ бояд аз ҳамин тавсияҳои ман истифода барем, Худо хоҳад ин коронавируси дайду нест мешавад”,- бо боварии комил мегӯяд Юсуфзода.

Хоначаи махсуси “испандӯд” дар сарҳадҳо

Нарзулло ҳамчунин тавсияи дуюм низ дорад, ки ба шаҳрвандон ва меҳмони кишвар, ки аз хориҷ ба ватан ворид мешаванд, пешбинӣ шудааст.

Юсуфзода пешниҳод мекунад, ки дар ҳар як гузаргоҳи сарҳадӣ бояд як хоначаи махсус барои дуд кардани ҳазориспанд сохта шавад. Шаҳравандоне, ки аз сарҳади давлатӣ гузаштанӣ мешаванд, аз дохили ҳамон дудхона гузаронида шаванд. “Онҳо бо борхалтаву дастовезашон ба дудхона даромада дар он ҷо аз 2 то 5 дақиқа сабр карда истанд ва баъд аз он ҷо бароянд. Дар даромадгоҳи корхонаҳо, бозору фурушгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзалҳо, варзишгоҳҳо, маҷлисгоҳҳо, донишгоҳу мактабҳо, масҷидҳо ин усул амалӣ карда шавад”,- мегӯяд пирамард.

Ӯ инчунин мегӯяд, миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби мақомотҳои марбута ба воситаи интернет, радиову телевизион ва нашрияҳо расонида шавад, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нисбати пешгирии ин беморӣ огоҳӣ дошта бошад ва оилаи худро бо усулҳои тавсияшуда муолиҷа карда тавонад.

“Ҳар рӯз ё дар ду рӯз як маротиба ҳазориспандро дуд кунонида аввал бо даҳон баъд бо бинӣ чуқур нафас кашед ва сипас ба кор ё донишгоҳ равед. Ба шумо ягон дард сироят намекунад. Нӯшобае, ки аз ҳазориспанд омода мешавад барои пешгирӣ ва нест кардани бемориҳои сироятӣ аз ҷумла ба коронавирус бисёр муфид аст”,- мегӯяд бо боварӣ Юсуфзода.

Дорӯ чӣ хел омода мешавад?

Тарзи тайёр кардани ин дору аз ҳазориспанд чунин аст: 1 кг ҳазориспандро гирифта, бо меваву баргу пояҳояш якҷоя майда карда бо 4 литр об ҳамроҳ карда, дар зарфи сарпӯшдор андохта, дар оташи паст биҷӯшонед, то аз 4 литр об 0,5 литр об боқӣ монад. Баъдан обро хунук карда, аз 3 қабат дока гузаронида, ба он 100 г равғани сиёҳдона ва 25г равғани ҳулба омехта намуда, ин нушобаро 10 рӯз бо вақти наҳорӣ ба миқдори як қошуқи чой бояд нӯшид.

Ба суоли мо, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ истифодаи испандуд ва дигар табобатҳои халқиро барои шифоёбии бемории коронавирус нодуруст хондааст, чунин ҷавоб дод: “Ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам, ки аз тавсияҳои ман истифода барад, танҳо тавсия медиҳам. Агар хоҳанд истифода кунанд, нахоҳанд не. Лекин ман аз китобҳои тиббии худамон хондам, ки дуди ҳазориспанд чӣ гуна ба инсон фоида дорад ва ӯро аз бемориҳои гуногун наҷот мебахшад”.

“Тавсияҳои маро ба Вазорати тандурустӣ расонед”

“Ман мехоҳам бо тавсияи худ каме ҳам бошад, саҳмамро барои беҳбудии саломатии халқам расонам. Умедворам, ки бо хондани тавсияи мазкур кормандони Вазорати танудрустии кишвар бо ман тамос мегиранд. Ман худ роҳ гашта наметавонам, пир шудаам, вагарна худам ба вазорат мерафтам ва пешниҳодҳоямро асоснок мекардам. Муроҷиати маро ба вазорати тандурустӣ расонед”,- мегӯяд Юсуфзода.

Пас аз нашри муроҷиатнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Нарзулло зиёда аз 200 нафар занг зада изҳорӣ миннатдорӣ кардаанд. “Баъзе нафарон занг зада табрик менамоянд, баъзеи дигар раҳмат мегӯянд. Баъзе нафарон занг зада ҷойҳои нофаҳмои муроҷиатномаи маро мепурсанд”,- мегӯяд Юсуфзода.

Имрӯз, 12-уми июл вабои асри 21 – коронавирус боз як ҳунарманди саршиноси театру синамои тоҷик Шералӣ Абдулқайсовро рабуд.


Тайи чанд ҳафтаи охир бар асари мавҷи дуюми коронавирус дар кишвар шахсиятҳои шинохтаи касбу кори гуногун дар кишвар фавтиданд. Гарчанде наздикон ва расонаҳо фавти ин нафаронро аз коронавирус гӯянд ҳам, вале мақомот то ҳол инро тасдиқ накардааст.

Вуҷуди дигарбораи коронавирусро дар кишвар мақомот пас аз танаффуси шашмоҳа рӯзи 21-уми июн тасдиқ карданд. Давоми рӯзҳои истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон 3 нафар афзуда, ба 103 нафар расид.

То шоми 11 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 834 нафар расида, давоми ду шабонарӯз теъдоди онҳо 81 нафар зиёд шуд.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 535 нафар ё худ 97,8%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 21 нафар шифо ёфтаанд.

Убайдулло Раҷабов

Убайдулло Раҷабов ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 1-уми июл бар асари бемории коронавирус ҷон супорид.

Убайдулло Раҷабов яке аз пурбинандтарин ҳаҷвнигор ва танзпардози тоҷик буд, ки ҳанӯз аз замони Шӯрави доғтарин масоили иҷтимоӣ ва ҳатто сиёсиро аз роҳи танз матраҳ мекард. Ин ҳунарманд 20-уми марти имсол ба синни 80 расида буд.

Шаҳзод Раҷабов писари ҳунарманд хабар дода буд, ки падараш пас аз се рӯзи ба бемории COVID-19 гирифтор шудан, вафот кардааст.

Охирин мусоҳибаи ин нобиғаи ҳаҷви тоҷикро метавонед инҷо бихонед.

Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов зодаи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон буда, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикстонро хатм кардааст. Аз соли 1973 то лаҳзаи охир дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард. Ҳамчунин аз солҳои 90-ум инҷониб дар Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон, ба донишҷӯён дарс мегуфт.

Рӯзи гузашта Некқадам Шоҳназаров хабар дода буд, ки аҳволи ҳунарманди маъруф Шералӣ Абдулқайсов вазнин асту дар шӯъбаи эҳё бистарист. Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, рӯзи 12-уми июл дар 70-солагӣ даргузашт. Наздиконаш гуфтанд, ӯ ба бамории коронавирус гирифтор буд.

Қурбоналӣ Раҳмон

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки рӯзи 9-уми июл дар шифохонаи маърф бо номи “Якум Советский” баъди чанд рӯзи беҳушӣ ба худ омад, аммо натавонист, ки ин бемории ҳамгирро мағлуб созад. Қурбоналӣ Раҳмонро шоми 6-уми июл бо аломатҳои коронавирус дар ҳолати беҳушӣ бистарӣ карда буданд, сипас хабар доданд, ки ӯ ба худ омаадааст. Шаби 10-уми июл хабар расид, ки ҳунарманд дар бемористон дар синни 67 солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Қурбоналӣ Раҳмон соли 1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, соли 1977 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Қурбоналӣ Раҳмон солҳои тӯлонӣ роҳбари ансамбли машҳури “Чашма” буд. Ӯ соли 1996 ба Душанбе омад ва дар ансамбли “Дарё” ба кор даромад ва баъдан роҳбари ансамбли тарона ва рақси “Сомониён” таъйин шуд.

Фарида Мансурова

Доктори илмҳои тиб, профессор, табиб – гепатолог, Фарида Мансурова, духтари табиби маъруфи тоҷик, академик Ҳомид Мансуров рӯзи 2-юми июл бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус даргузашта буд.

Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, ки аз дӯстони хонаводагии ин пизишки собиқадор аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ӯ аз чанд рӯз ба ин тараф гирифтори КОВИД-19 шуда буд”

Фарида Мансурова солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология кор мекард. Падари ӯ Ҳомид Мансуров, соли 1959 нахустин пажӯҳишгоҳи бемориҳои дарунӣ дар Иттиҳоди Шӯравиро дар Душанбе таъсис дод, ки то ҳол бо номи “клиникаи Мансуров” шӯҳрат дорад.

Фарида Ҳомидовна узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон буда, дар Институти илмиву тадқиқотии Гастроэнтерологияи Тоҷикистон ва лабораторияҳои Маркази биология ва тибби амалӣ низ фаъолият мекард.

Ғанихон Тӯраев

Ғанихон Тӯраев полковники Вазорати мудофиа рӯзи 11-уми июл, дар сини 69-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикон ӯ баъди марги 9 рӯзи пеши ҳамсарашро дигар таҳаммул карда натавонист ва бар асари сактаи мағзӣ (инсулт) даргузашт. Ӯ шавҳари профессор Фарида Мансурова буд.

Полковник Тӯраев дар гузашта сардори раёсати нерӯҳои муҳандисии вазорати мудофиа ва раҳбари сапёрҳои Тоҷикистон буда, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо нафарро наҷот дода ва танҳо дар пойтахт аз ҳудуди 50 таркиш ва амали террористӣ пешгирӣ кардааст.

Ӯзбекбӣ Асадуллоева

Мақомот расман сабаби марги ӯро шарҳ надоданд, вале як пизишки Пажӯҳишгоҳи гастроэнтология қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Узбекбӣ Асадуллоева ба коронавирус сироят ёфта буд.

Саидамир Розиқзода

Генерал-майор Саидамир Розиқзода, муовини собиқи вазири мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 4-уми июл дар сини 64-солагӣ даргузашт. Наздиконаш сабаби марги ӯро гирифторӣ ба COVID-19 медонанд.

Яке аз шогирдони Саидамир Розиқзода, гуфтааст, ки “генерал-майор Саидамир Розиқзода ду ҳафта дар Беморхонаи сироятӣ воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бистарӣ буд ва аз бемории коронавирус даргузашт”.

Пирӣ Ҳусайн

Парвина Гулова, яке аз масъулони маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки генерал-майори мустаъфӣ Пирӣ Ҳусайн рӯзи 10-уми июл дар пайи бемории тӯлонӣ ҷаҳони фониро тарк гуфт. Ин корманди маркази матбуоти ВКД дар бораи иллати марги генерал Пирӣ Ҳусайн чизе нанавиштааст, вале як манбаъ гуфтааст, ки ӯ чанд рӯзи охир бо бемории коронавирус мубориза мебурд.

Карим Ҳайдаров

Академик Карим Ҳайдаров, асосгузори мактаби фармакологҳо дар соҳаи синтези химиявӣ ва пайвастҳои табиӣ рӯзи 6-уми июл аз бемории коронавирус даргузашт. Ба гуфтаи як ҳамкори марҳум, академик чанд рӯзи охир дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе бо нишонаҳои монанд ба коронавирус бистарӣ шуда буд.

Манбаъ гуфтааст, ки писару ҳамсараш ҳам дар беморхона бистарӣ буданд ва эҳтимол аст, ҳамаи онҳо аз бемории коронавирус ранҷ мекашиданд.

Мунаввара Усмонова

Наттоқи варзидаи тоҷик Мунаввара Усмонова низ имрӯз 12-уми июл даргузашт. Мунаввара Усмонова 70 сол дошт.Ӯ риштаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи педагогии Душанбе ба номи Т.Шевченкоро хатм карда, дар даврони Шӯравӣ яке аз ду диктор ё муҷрии барномаи “Ахбор” бо забони русӣ буд. Ба иттилои манбаъ ӯ низ қурбонии коронавирус шудааст.

“Дар қатори ин шабурӯз рафтагон, наттоқи варзидаи Телевизиони Тоҷикистон, тарҷумон ва коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ Мунаввара Усмонова ҳам аз бемории ковид бандагӣ карданд”, – навиштааст дар саҳифаи фейсбукиаш, Малоҳат Дустматова.

Читайте также: