Нияти намози чума бо забони точики фарзи

Обновлено: 28.03.2024

НАМОЗИ ЧУМЪА (ҶУМЪА) – ДАР РУЗИ ЧУМА, ТАРТИБИ ХОНДАН ВА РАКАТХОЯШ: Намози чума Намози Ҷумъа (Namozi Juma) – ин яке аз намуди дуохонии ҷамъиятии мардони мусалмонон буда амалӣ намуданаш ҳар ҳафта дар рузӣ ҷумъа, ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба Намози ҷумъа дар сураи 62-юми Қуръони карим, гуфта шудааст ва вақти хондани он асосан дар нисфирузӣ пешбинӣ шудааст. Барои занон, кудакон, мардони ҷисмонан камқудрат гарчанде хондани Намози ҷумъа ҳатмӣ набошад ҳам, вале матлуб аст. Находани Намози ҷумъа бе ягон сабаби ниҳоятан узрнок аз нигохи дини Ислом, манъ карда шудааст. Дар ҳолати сар задани монеъаҳои ниҳоят душвор аз ҷумла: борони сел, хунукии ниҳоят сард, таҳдиди ба талафи ҷон меоварда ва ба монанди инҳо хондани Намози ҷумъа чандон зарур намешавад. Намози ҷумъа бо шартҳои зер қобили қабул шуморида мешавад: 1. Намози ҷумъа бояд дар минтақаи сераҳолӣ хонда шавад; 2. Дар як ҷамоат (қишлоқ ё ноҳия) беҳтараш дар як макон ҷамъ омада Намози ҷумъа хонда шавад. Агар Намози ҷумъа бе ягон зарурият дар якчанд масҷид хонда шавад, пас он Намози ҷумъае, ки қаблан дар он масҷид хонда шудааст, қобили қабул дониста мешавад; 3. Имоми масҷиде, ки дар он Намози ҷумъа хонда мешавад бояд аз ҳукумати маҳаллӣ иҷозат дошта бошад; 4. Хондани вақти Намози ҷумъа бояд ба нисфирузӣ рост ояд; 5. Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд амри маъруф карда шавад; 6. Дар амри маъруф лоақал як нафар марди солимақл иштирок намояд; 7. Лоақал 3-марди балоғатрасидаи солимақли мусалмон дар он намозӣ ҷамоатӣ, иштирок намоянд; 8. Масҷиде ки дар он намоз хонда мешавад бояд ба ҳамагон дари худро кушода бошад (ғайр аз ҳолатҳои зарурият ба бехатарии бино махкам шуда бошад). Тартиби хондани Намози ҷумъа: Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд таҳорат (шустушуй ва пок кардани бадан) кард, нохуну муйҳои барзиёдро гирифтан, либосҳои тозаи беҳтаринро пушидан ва хушбуй кардан зарур аст. Баъдан беҳтараш пиёда ба хондани намози ҷумъа равад. Дар масҷид ки даромад ба дигарон халал нарасонида ба тартиби қабулшуда ҷойи нишастро қабул менамояд. Хурдани чиснок, пиёз ва дигар маҳсулоти буйи тезу бад дошта мумкин нест. Намози ҷумъа иборат аз 2-ракат буда вақти хондани намози пешин байни ракатҳои сунатии намоз яъне 4 ракатиҳо хонда мешавад. Яъне: 4- ракат суннат 2-ракат фарз (худ хамин ду ракат намози чумъа аст) 4-ракат суннат Савобҳои хондани Намози ҷумъа: Бояд гуфт, ки худ рузи ҷумъа барои мусалмонон ин рузи хоса ва рузӣ истироҳатӣ мебошад, ки ҳамчун ид ҳатто мебошад. Дар ин руз барои мусалмонон шароит барои гирифтани бештари савоб ва раҳои ёфтан аз гуноҳо фароҳам оварда шудааст. Хондани Намози ҷумъа тибқи нақлҳо ба мусалмонон баробари як сол рузаву намоздорӣ савоб гирифтан баробар будааст. Нияти Намози Чумъа (ҶУМЪА): Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар. Ният кардам, соқит гардонам фаризаи вақтиро ба адо кардани ду ракаъат фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар. Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози баъд аз фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар.

Дар кучо намози суннатро бо эмом ният кардан.
Барордар инхели чизхоро нагз нависед ахмият тиед баъд ба мардум пешниход кунед.
Факат тарвехро ки суннат аст бо эмом хонда мешавад. Боки намозхои суннат бе эмом мехонанд.

ки Аллоҳи мутаъол муфармояд: (Ва бандаи ман ҳамчунон бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд,то ин, ки вайро дӯст медорам, агар дӯст доштам, ман гӯши шунавои ӯ мебошам ва низ чашми биноии ӯ мешавам ва низ дасти ӯ мешавам, ки бо он ба қувват мегирад ва низ пои ӯ мешавам, ки бар он роҳ меравад ва агар аз ман чизе бихоҳад, барояш ато мекунам ва агар талаби паноҳ кунад, ба вай паноҳ медиҳад) [Ба ривояти Бухорӣ].

2. Намози нафлӣ, камбуди фароизро ҷуброн мекунад, чунончӣ Набии Акрам (с) фармуданд:(Нахустин чизе, ки дар рӯзи қиёмат мардум аз аъмолашон мавриди муҳосаба қарор мегиранд, намоз аст, Парвардигори мо ба фариштагонаш --дар ҳоле, ки ӯ донотар аст-, мефармояд: Ба намози бандаам бингаред, оё комил карда ё камбуд дорад? Агар комил хонда бошад, барояш комил навишта мешавад ва агар чизе аз он ноқис буд, мефармояд: бубинед, оё банда нафле хондааст? Агар нафле вуҷуд дошт, мефармояд: ҳисоби фарзро аз нафли вай тамом кунед, пас ба ҳамин минвол аъмолаш бозхост мешавад). [Ба ривояти Абӯдовуд]

3. Намози нафл дар хона беҳтараст :

Адои намози нафл дар хона нисбат ба масҷид бартарӣ дорад, магар он чӣ, ки дар он ҷамоат машрӯъ бошад, монанди намози таровеҳ дар Рамазон.

Набии акрам (с) фармуданд: (Беҳтарин намози шахс намозест, ки дар хонааш мехонад, магар ин, ки намози фарзӣ бошад). [Ба ривояти Бухорӣ]

Анвоъи намози нафл

Намози нафл анвоъи зиёде дорад, ки муҳимтарини онҳо азин қарор аст:

Якум: Суннатҳо равотиб

Ва он суннатҳоест, ки вобаста ба фарз мебошад.

Маҷмӯъи суннатҳои равотиб даҳ ва ё ёздаҳ ракаъат мебошанд, азин қарор:

- Ду ракаъат қабл аз фаҷр.

- Ду ва ё чаҳор ракаъат қалб аз намози зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он.

- Ду ракаъат баъд аз намози мағриб.

- Ду ракаъат баъд аз ишо.

Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: (Ман аз Набии акрам (с) даҳ ракаъатро ҳифз кардам: Ду ракаъат қабл аз зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он ва ду ракаъат баъд аз мағриб дар хонаашон ва ду ракаъат баъд аз ишо дар хонаашон ва ду ракаъат қабл аз намози фаҷр).[Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Монанди он аз Ойиша (р) низ ривоят шуда, магар ин, ки қабл аз зуҳр чаҳор ракаъат зикр кардааст. [Ба ривояти Муслим]

Суннати қаблӣ Намози фарзӣ Суннати баъдӣ
Ду ракаъат Фаҷр -------------
4 ракаъат Зуҳр Ду ракаъат
------------- Аср -------------
------------- Мағриб Ду ракаъат
------------- Ишо Ду ракаъат

Муаккадтарин суннатҳои равотиб, ки Набии акрам (с) дар сафару иқоматашон ба он мувозибат кардаанд, ду ракаъати фаҷр аст,

чунон чӣ дар ҳадиси Ойиша (р) омада, ки гуфтааст: (Набии акрам (с) бар ҳеҷ аз навофил мувозибати шадид монанди ду ракаъати фаҷр надоштанд).[Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Ва суннат онаст, ки дар он бидуни он, ки ба воҷиботаш ихлол кунад, тахфиф намояд, чунон чӣ аз Ойиша (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Он ҳазрат (с) ду ракаъати қалб аз намози фаҷрро бисёр тахфиф мехонд, ба гӯнае, ки мегӯфт, оё уммулкитоб –Фотиҳа-ро хондаанд?) . [Ба ривояти Бухорӣ]

Ҳамон тавре, ки қазои он низ ҷавоз дорад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Касе, ки ду ракаъат фаҷрро нахонда, бояд баъд аз тулуъи хуршед онро бихонад). [Ба ривояти Тирмизӣ]


Баъд аз ишо


Қазои суннати фаҷр дар рӯз


Баъд аз мағриб


Қабл аз фаҷр


Қабл аз зӯҳр ва баъд аз он

Дуввум: Намози витр

Ҳукми витр ва фазоили он

Витр воҷиби муаккад аст. Он ҳазрат (с) фармуданд: (Худованд тоқаст, витро дӯст медорад, пас намози витр бихонед эй аҳли Қуръон). [Ба ривояти Абӯдовуд]

Васфи витр:

1. Ақали витр як ракаъат аст ва аксараш ёздаҳ ва ё сездаҳ ракаъатаст, ки намозгузор ду ду ракаъат мехонад, сипас як ракаъат хонда, витр мехонад.

2. Камтарин камол се ракаъат аст: ду ракаъат хонда салом медиҳад, сипас як ракаъати дигар хонда салом медиҳад ва метавонад се ракаъатро муттасил ба як ташаҳҳуд бихонад ва назди баъзе имомҳо, се ракаъатро бо ду ташаҳҳуд мехонад.

Мустаҳаб аст, ки дар ракаъати аввал сураи Аъло ва дар ракаъати дуввум сураи Кофирун ва дар ракаъати саввум Ихлосро бихонад,

ба далели он чӣ аз Убай бин Каъб (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) дар ракаъати аввали витр ( سبح اسم ربك الأعلى ) ва дар дуввум (قل ياأيها الكافرون ) ва дар саввум (قل هو الله أحد) ро мехонд). [Ба ривояти Насойи]

Вақти витр:

Баъд аз намози ишо то тулӯъи фаҷр, адои витр дар сулси охири шаб афзалият дорад, ба далели фармудаи Набии акрам (с) (Намози охири шаб машҳуд аст). [Ба ривояти Муслим]

Дуо дар витр:

Дар ракаъати охири витр дуо машрӯъ гардида, қабл аз рукӯъ ва ё баъд аз баланд шудан аз рукӯъ, дастони худро баланд карда, дуои ворида дар ин заминаро мехонад, ки аз он ҷумла аст:

- (اللهم انا نستعينك، ونستهديك، ونستغفرك ونتوب إليك ونؤمن بك ونتوكل عليك، ونثني عليك الخير كله، نشكرك ولانكفرك، نخلع ونترك من يفجرك، اللهم إياك نعبد ولك نصلى ونسجد، وإليك نسعى ونحفد، نرجو رحمتك ونخشى عذابك ، إن عذابك بالكفارملحق) الفقه الإسلامي وأدلته: 1/810

- (اللهم اهدني فيمن هديت، وعافني فيمن عافيت، وتولني فيمن توليت، وبارك لي فيما أعطيت، وقني شر ما قضيت، فإِنك تقضي ولا يقضي عليك، إِنه لا يذل من واليت، ولا يعز من عاديت، تباركت ربنا وتعاليت). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Масоил

1. Суннат аст, ки баъд аз намози витр бигӯяд: (سبحان الملك القدوس) [Ба ривояти Аҳмад] ,

се бор ва дар бори саввум садои худро баланд намуда дароз кунад ва метавонад: ( رب الملائكة والروح) [Ба ривояти Бухорӣ] ро бо он зиёд кунад.

2. Масҳ кардан рӯй бо дастон баъд аз дуо, на дар витр ва на дар ғайри витр, машрӯъ намебошад, зеро ки аз Набии акрам (с) дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе ворид нашудааст.

Қазои витр дар рӯз

Қазои витр дар рӯз машрӯъ аст ва қазояш ҷуфт мебошад, зеро, ки аз Ойша (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) ҳаргоҳ намози шаб аз эшон ба сабаби нохушӣ ва ғайра қазо мешуд, дар рӯз дувоздаҳ ракаъат мехонданд [Ба ривояти Муслим].

Саввум: Намози таровеҳ

Ва таровеҳ: намози шаб дар Рамазон мебошад ва ба таровеҳ номгузорӣ шуд, зеро, ки дар миёни ҳар чаҳор ракаъат ба хотири тули ракаъатҳо, барои роҳат, таваққуф мекарданд.

Фазилати намози таровеҳ

Набии акрам (с) фармуданд: (Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ҳисоби аҷр назди Худо ба рӯза ва қиёми шаб сипарӣ кард, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ҳукми намози таровеҳ:

Таровеҳ суннати муаккада буда, ки Расули Аллоҳ (с) онро дар моҳи мубораки Рамазон машрӯъ кардаанд, зеро Набии акрам (с) бо Саҳобаи киром чанд шабе намоз хонданд,

сипас аз бими он, ки бар онон фарз шавад, тарк карданд ва баъд аз Паёмбар (с) Саҳобаи киром онро адо карданд. [Ба ривояти Муслим]

Адади ракаъоти намози таровеҳ:

Бархе гуфтаанд, ки бист ракаъат аст. Аз Соиб бин Язид (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар аҳди Умар бин Хаттоб (р) дар моҳи Рамазон бист ракаъат мехонданд.

Ҳамчунин гуфт: Бо оромӣ мехонданд.

Ва бархе дигар гуфтаанд: Ёздаҳ ракаъат аст.

Масоил

1. Тарки он чӣ аз қиёми шабона одат дорад, макрӯҳ аст. Аз Абдуллоҳ бин Амр бин Ос (р) ривоят аст, ки гуфт:

Расули Худо (с) фармуданд: (Эй Абдуллоҳ! Монанди фалон машав, шабона барои намоз бармехост, сипас қиёми шабонаро тарк кард). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]


Бедор шудан барои намоз

2. Барои мард мустаҳаб аст, ҳангоме, ки шабона барои намози шаб бедор мешавад, ҳамсарашро низ барои намози шаб бедор кунад ва агар зан бедор шавад, шавҳарашро низ бедор кунад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Агар мард ҳамсарашро ба намози шаб бедор кунад, пас он ду - ва ё яке онҳо- ду ракаъат намоз бихонад, ҳар ду дар ҷумлаи зокирин ва зокирот навишта мешаванд). [Ба ривояти Абӯдовуд]

3. Касе, ки дар намози шаб, хоб бар вай ғалаба кунад, бояд намозро гузошта бихобад, то ин ки хоб аз вай биравад.

Аз Ойша (р) ривоят аст, Набии Акрам (с) фармуданд: (Агар яке аз шумо дар намоз пинакӣ рафт, бояд бихобад, то ин, ки хоб аз вай биравад). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]


Хоб бар ӯ ғолиб шудааст

4. Дуо ва талаби мағфират дар сулси охири шаб, мустаҳаб аст, ба далели ривояти Абӯҳурайра (р), ки гуфт:

Расули Худо (с) фармуданд: (Аллоҳи мутаъол дар сулси охири шаб ба осмони дунё фуруд омада мегӯяд: (касе, ки маро бихоҳад барояш иҷобат мекунам, касе, ки талаби мағфират мекунад, ӯро мавриди мағфират қарор медиҳам)). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Чаҳорум: Намози Зуҳо (ишроқ)

Ва он намозест, ки дар вақти зуҳо, машрӯъ гардид ва вақти зуҳо аз тулуъи хуршед ва баланд шуданаш ба андозаи як найза мебошад- ин миқдор иртифоъи хуршед дар ҳудуди саввум ҳиссаи як соат мебошад- ки то заволи хуршед, идома дорад.


Вақти Зуҳо

Фазилати намози Зуҳо:

Аллоҳи мутаъол дар ҳадиси қудсӣ мефармояд: (Эй фарзанди одам! барои ман дар аввали рӯз чаҳор ракаъат намоз бихон, туро дар охири он кифоят мекунам). [Ба ривояти Муслим]

Адади ракаъоти намози Зуҳо:

Ҷавоз дорад, ки намози Зуҳоро ду ракаъат ва ё чаҳор ракаъат ва ё шаш ракаъат ва ё ҳашт ракаъат бихонӣ, зеро ки Набии акрам (с) чунин кардаанд.

Панҷум: Намози таҳияи масҷид

Ва он ду ракаъат барои касе, ки ба масҷид дохил мешавад, машрӯъ аст ва қалб аз нишастан онро бихонад.

Ва далелаш фармудаи Набии акрам (с): (Агар яке аз шумо ба масҷид дохил шуд, бояд қабл аз нишастан, ду ракаъат намоз бихонад). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Суннати ротиба ва ё намози фарзе аз он кифоят мекунад, пас касе, ки дохили масҷид барои адои зуҳр гадид, пас суннати зуҳрро хонд, аз намози таҳияи масҷид низ кифоят мекунад ва бар вай таҳияи масҷид намебошад.


Таҳияи масҷид

Шашум: Намози истихора

Ҳаргоҳ банда дар коре аз корҳо мутараддид гардид, қабл аз ин, ки ба он иқдом кунад, ду ракаъат намоз бихонад.

Он ҳазрат (с) ёронашро омӯзиш медоданд, монанди он, ки сурае аз Қуръонро омӯзиш медоданд.

Дуои истихора:

Набии акрам (с) фармуданд: (Агар яке аз шумо дар коре ирода мекунад, бояд ду ракаъат намози ғайр аз фарзе бихонад, пас аз он бигӯяд: (اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ، وأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ، وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ، فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلاَ أَقْدِرُ، وَتَعْلَمُ وَلاَ أَعْلَمُ، وَأَنْتَ عَلاَّمُ الْغُيُوبِ، اللَّهُمَّ إِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ خَيْرٌ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي -أَوْ قَالَ عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ- فَاقْدُرْهُ لِي، وَيَسِّرْهُ لِي، ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ،وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الأَمْرَ شَرٌّ لِي فِي دِينِي، وَمَعَاشِي، وَعَاقِبَةِ أَمْرِي -أَوْ قَالَ فِي عَاجِلِ أَمْرِي وَآجِلِهِ- فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ، وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ، ثُمَّ أَرْضِنِي -قَالَ- وَيُسَمِّى حَاجَتَهُ)).[ Ба ривояти Бухорӣ]

Аломати истихора

Такрори истихора боке надорад ва шарт нест, ки истихоракунанда хоб бинад, ки дар мавриди коре, ки истихора карда, баён шавад, балки дар коре, ки мавриди назараш мебошад, иқдом намуда ба пеш биравад.

Модоме, ки он гуноҳ ва ё қатъи силаи раҳм набошад. Пас агар итмом ёфт, барояш хайр буда ва агар итмом наёфт, низ барояш хайр будааст.

Ҳафтум: Ду ракаъат намоз баъд аз вузӯ

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Набии акрам (с) дар ҳангоми намози фаҷр фармуданд: (Эй Билол! Ба ман бигӯ аз коре, ки дар Ислом кардӣ, зеро, ки ман садои кафшҳои туро дар пеши рӯям дар биҳишт шунидам), гуфт: (ман коре накардаам, ки наздам умедворкунанда бошад, танҳо ҳаргоҳе, ки вузӯ мекардам, чӣ дар рӯз буд ё шаб, ҳар чанд ракаъате, ки метонистам, ба он вузӯ намоз мехондам). [Ба ривояти Бухорӣ]

Нафли мутлақ

Онаст, ки муқайяд ба замону сабаб намебошад ва намози нафлии мутлақ дар ҳар вақт дуруст аст, магар дар вақтҳое, ки намоз хондан дар он манъ шудааст.

Мисолҳои нафли мутлақ (Шабхезӣ)

Набии акрам (с) фармуданд: (Баъд аз фарз, намози бартар, намози шаб аст). [Ба ривояти Муслим]

Ва ҳамчунин он ҳазрат фармуданд: (Дар биҳишт утоқҳоест, ки берун аз дарун ва дарун аз беруни он дида мешавад. Араби бодиянишине баланд шуд ва гуфт: Барои чӣ касест, эй Расули Худо (с)? Фармуданд: барои касоне, ки сухани хуб гӯяд ва таъом бидиҳад ва мудовим рӯзадор бошад ва барои Аллоҳ намоз бихонад, дар ҳоле, ки мардум дар хоб бошанд). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Шабхезӣ аз нигоҳи тиб

Шабхезӣ мунҷар ба кам шудани ҳирмуни куртизул (ки ҳамон куртизули табиъии ҷисм аст) ба вижа чанд соат қабл аз бедор шудан, мегардад, ки ҳамин вақт бо вақти сахархезӣ (сулси охири шаб) баробар аст, тавре, ки аз афзоиши ногаҳонии қанд дар хун, ҷилавгирӣ мекунад, чаро, ки афзоиши ногаҳонии қанд дар хун барои беморони қанд, хатарнок мебошад.

Авқоти наҳй аз намоз хондан

1. Баъд аз намози субҳ, то баъд аз тулуъи хуршед ва баланд шуданаш ба андозаи як найза, ки ба таври одӣ тақрибан сулси як соат мешавад.

2. Аз ҳангоме, ки хуршед дар васати осмон бошад, то ин, ки майлон кунад.

3. Аз намози аср, то ин, ки хуршед ғуруб кунад.

Ва далели он ҳадиси Уқба бин Омираст, ки гуфт: (Се вақтест, ки Расули Аллоҳ (с) аз намоз хондан ва гур кардани мурдагони мо дар онҳо, манъ кардаанд: ҳангоми тулуъи хуршед то ин, ки баланд шавад ва ҳангоми зуҳр то ин, ки хуршед андаке аз он ҳолат майлон кунад ва ҳангоме, ки хуршед ба ғуруб наздик шавад, то ин, ки комилан ғуруб намояд). [Ба ривояти Муслим]

НАМОЗИ ЧУМЪА (ҶУМЪА) – ДАР РУЗИ ЧУМА, ТАРТИБИ ХОНДАН ВА РАКАТХОЯШ: Намози чума Намози Ҷумъа (Namozi Juma) – ин яке аз намуди дуохонии ҷамъиятии мардони мусалмонон буда амалӣ намуданаш ҳар ҳафта дар рузӣ ҷумъа, ҳатмӣ мебошад. Вобаста ба Намози ҷумъа дар сураи 62-юми Қуръони карим, гуфта шудааст ва вақти хондани он асосан дар нисфирузӣ пешбинӣ шудааст. Барои занон, кудакон, мардони ҷисмонан камқудрат гарчанде хондани Намози ҷумъа ҳатмӣ набошад ҳам, вале матлуб аст. Находани Намози ҷумъа бе ягон сабаби ниҳоятан узрнок аз нигохи дини Ислом, манъ карда шудааст. Дар ҳолати сар задани монеъаҳои ниҳоят душвор аз ҷумла: борони сел, хунукии ниҳоят сард, таҳдиди ба талафи ҷон меоварда ва ба монанди инҳо хондани Намози ҷумъа чандон зарур намешавад. Намози ҷумъа бо шартҳои зер қобили қабул шуморида мешавад: 1. Намози ҷумъа бояд дар минтақаи сераҳолӣ хонда шавад; 2. Дар як ҷамоат (қишлоқ ё ноҳия) беҳтараш дар як макон ҷамъ омада Намози ҷумъа хонда шавад. Агар Намози ҷумъа бе ягон зарурият дар якчанд масҷид хонда шавад, пас он Намози ҷумъае, ки қаблан дар он масҷид хонда шудааст, қобили қабул дониста мешавад; 3. Имоми масҷиде, ки дар он Намози ҷумъа хонда мешавад бояд аз ҳукумати маҳаллӣ иҷозат дошта бошад; 4. Хондани вақти Намози ҷумъа бояд ба нисфирузӣ рост ояд; 5. Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд амри маъруф карда шавад; 6. Дар амри маъруф лоақал як нафар марди солимақл иштирок намояд; 7. Лоақал 3-марди балоғатрасидаи солимақли мусалмон дар он намозӣ ҷамоатӣ, иштирок намоянд; 8. Масҷиде ки дар он намоз хонда мешавад бояд ба ҳамагон дари худро кушода бошад (ғайр аз ҳолатҳои зарурият ба бехатарии бино махкам шуда бошад). Тартиби хондани Намози ҷумъа: Пеш аз хондани намози ҷумъа бояд таҳорат (шустушуй ва пок кардани бадан) кард, нохуну муйҳои барзиёдро гирифтан, либосҳои тозаи беҳтаринро пушидан ва хушбуй кардан зарур аст. Баъдан беҳтараш пиёда ба хондани намози ҷумъа равад. Дар масҷид ки даромад ба дигарон халал нарасонида ба тартиби қабулшуда ҷойи нишастро қабул менамояд. Хурдани чиснок, пиёз ва дигар маҳсулоти буйи тезу бад дошта мумкин нест. Намози ҷумъа иборат аз 2-ракат буда вақти хондани намози пешин байни ракатҳои сунатии намоз яъне 4 ракатиҳо хонда мешавад. Яъне: 4- ракат суннат 2-ракат фарз (худ хамин ду ракат намози чумъа аст) 4-ракат суннат Савобҳои хондани Намози ҷумъа: Бояд гуфт, ки худ рузи ҷумъа барои мусалмонон ин рузи хоса ва рузӣ истироҳатӣ мебошад, ки ҳамчун ид ҳатто мебошад. Дар ин руз барои мусалмонон шароит барои гирифтани бештари савоб ва раҳои ёфтан аз гуноҳо фароҳам оварда шудааст. Хондани Намози ҷумъа тибқи нақлҳо ба мусалмонон баробари як сол рузаву намоздорӣ савоб гирифтан баробар будааст. Нияти Намози Чумъа (ҶУМЪА): Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози пеш аз фарзи ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар. Ният кардам, соқит гардонам фаризаи вақтиро ба адо кардани ду ракаъат фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар. Ният кардам, соқит гардонам чаҳор рақаъат суннати намози баъд аз фарзи намози ҷумъа вақте, ки бар ман аст, рӯй овардам ба қибла қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, холисаллиллоҳи таьоло, Аллоҳу акбар.

РАСУЛИ АКРАМ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) МЕФАРМОЯНД: КАСЕ ЯК НАФАРРО БА КОРИ ХАЙР РОҲ НИШОН ДИҲАД БАРОИ Ӯ АҶРИ ОН МЕРАСАД. ҲАР ДУСТЕ КИ ШУМО, ИНЧО ДОХИЛ МЕКУНЕД АГАР ЯКЧИ ФАҲМАНД ВА АМАЛ КУНАНД БА ШУМО НИЗ БЕКАМБУДИ МИСЛИ АҶРИ ОНҲО ДОДА МЕШАВАД. ИНША АЛЛОҲ БОЯД МАҚСАДИ МО ХОЛИС АЗ БАРОИ ДАЪВАТ БА СӮИ АЛЛОҲ ВА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ БОШАД.! МУВАФФАҚИЯТ БА ҲАМААТОН БАРОДАРОНИ ИСЛОМИ ВА ХОҲАРОНИ ИМОНИ ХУДОВАНД НИГАҲБОНИ ШУМО БОШАД. Бародарону хоҳарони Исломи ! Биёед як кори савоб м

Ҳангоме, ки мурд, чашмонаш баста мешавад, бо ҷомае пӯшонда мешавад ва барои таҷҳиз ва намоз бар вай ва тадфинаш, шитоб шавад.

Ҳукми ғусли додани мурда ва таҷҳизу тадфинаш

Ғусл додани мурда ва кафан кардану бардоштан ва намози ҷаноза хондан бар вай ва ба хок супурданаш, фарзи кифои буда, агар касе, ки аз уҳдаи он баромада метавонад, анҷом дод, гуноҳ аз дигарон соқит мешавад.

Аҳкоми ғусл додани мурда

1. Барои ғусл додани мурда, касеро баргузинад, ки амин буда, аз амонату адолат бархурдор бошад ва низ ба аҳкоми ғусли мурда, огаҳӣ дошта бошад.

2. Барои ғусл додан, касе ки мурда барояш васият карда бошад, муқаддам аст, пас аз ӯ наздиконаш ба тартиб,

агар ба аҳкоми ғусл додан, огаҳӣ дошта бошанд ва агар на, касе, ки огаҳӣ ба аҳкоми ёд шуда, дорад, муқаддам мебошад.

3. Мард ғусл медиҳад ба мард ва зан ғусл медиҳад ба зан ва ҳар як аз зану шавҳар метавонад якдигарро ғусл бидиҳанд,

ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ойша (р): (Чӣ осебе ба тӯ мерасад, агар пеш аз ман бимирӣ, туро ғусл медиҳам ва кафан мекунам ва бар ту намоз хонда, сипас ба хок месупорамат). [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]

Мардону занон метавонанд, кӯдакони камтар аз ҳафт солро ғусл диҳанд ва барои мусалмон- мард бошад, ё зан- ҷоиз нест,

ки кофиреро ғусл диҳад ва ё ҷанозаашро бардорад ва ё бар вай намоз бихонад. Ҳар чанде, ки аз наздиконаш, монанди падараш бошад.

4. Шаҳиди майдони ҷанг, ғусл дода намешавад ва низ кафан карда намешавад ва ҳамчунин бар вай намози ҷаноза низ хонда намешавад, балки бо либосҳояш ба хок супурда мешавад.

5. Агар сақте- кӯдаке, ки қабл аз такмил- писар бошад, ё духтар- чаҳормоҳа бошад, ғусл дода, кафан карда мешавад ва сипас намози ҷаноза бар вай хонда мешавад, зеро ки баъд аз чаҳормоҳагӣ, ҳукми инсонро дорад.

6. Обе, ки мурдаро ғусл медиҳанд, бояд пок ва мубоҳ бошад ва дар ҷои пӯшида ғусл дода мешавад ва касоне, ки иртиботе ба ғусл додани мурда надоранд, набояд ҳузур дошта бошанд.

Васфи ғусл додани мурда

1. Мурдаро бар тахти ғусл мегӯзоранд, пас аз он авраташро мепӯшонанд, баъд аз он либосҳояшро аз танаш мекашанд ва ӯро аз анзор дар утоқе ва ё монанди он, пинҳон медоранд.

2. Барои ғуслдиҳанда мустаҳаб аст, ки дар ҳини ғусл додан бар дасташ порчае бипечонад.

3. Ғуслдиҳанда сари мурдаро баланд мекунад, то ба нишастан наздик шавад, пас аз он дасташро бар шиками мурда кашида, фишор медиҳад,

пас аз он шармгоҳи пасу пеши мурдаро пок мекунад ва агар дар онҳо наҷосате буд, мешӯяд.

4. Нияти ғусл намуда, бисмиллоҳ мехонад.

5. Ғуслдиҳанда мурдаро вузӯ медиҳад, монанди вузӯи намоз, магар мазмаза ва истиншоқ, ки ба даст кашидан ба даҳану бинии ӯ, иктифо мешавад.

6. Сари мурда ва риши ӯро бо оби сидр ва ё собун ва ё монанди он, мешӯяд.

7. Тарафи ростро шуста, сипас тарафи чапро мешӯяд, баъд аз он ғусли соири баданро анҷом медиҳад.

8. Мустаҳаб аст, то дар шустани охир, кофӯр бизананад.

9. Мурда хушк карда мешавад.

10. Он чӣ зоил карданаш аз мурда машрӯъ аст, монанди гирифтани нохунҳо ва мӯи зери нофу бағал, онро анҷом медиҳад.

11. Мӯи зан, гесӯ бофта шуда ва ба пушти сар андохта мешавад.


Шуянда сари мурдаро мебардорад.


Шуянда дасташро бо порчае мепечад


Мурда бар тахти шустушӯ гузошта мешавад


Шӯянда, бар шиками майт бо дасташ, фишор медиҳад


Мурда вузӯ дода мешавад, монанди вузӯи намоз.


Сару риши майт бо бо об ва сидр, шуста мешавад.


Аввал тарафи рост ва баъд тарфи чапи мурда, шуста мешавад.


Майит хушк карда мешавад.

Огоҳиҳо

- Як бор шустан, воҷиб аст, агар ба он пок шавад ва мустаҳаб се бор шустанаст, агар чӣ пок шуда бошад.

- Агар ба иллати набудани об, ғусли мурда мумкин набуд, ва ё бархе аз ҷисм сухта ва монанди он буд, бо хок таяммум дода мешавад.

- Барои касе, ки мурдаро ғусл дода, мустаҳаб аст, худаш низ пас аз он ғусл кунад.

Кафан кардани мурда

1. Суннат онаст, то мурдаро дар се порчаи пахтагии сафед кафан кунанд, ки баданаш аз он дида нашавад, тамоми баданашро бипушонад, дар он муғолот набошад.

Ва зан дар панҷ порчаи сафед, изор ва чодару пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.

Ва кӯдак дар як порча ва ё се порча низ ҷоиз аст ва духтари кӯчак дар пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.

2. Ба се қитъа аз порчаҳои кафан, бахӯр дуд карда мешавад, (ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ҳаргоҳ ба майт хушбӯии бахӯр кардед, онро тоқ бигардонед). [Ба ривояти Ибни Ҳиббон]

3. Ин порчаҳои сегона болои ҳам паҳн мешавад ва дар миёни онҳо махлуте аз хушбӯи, монанд анбар, кофӯр ва миск гузошта мешавад, магар ин, ки мурда дар ҳолати эҳром бошад,

ба кафанаш бахур ва ё хушбӯии дигар зада намешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Ба хушбӯи тамосаш надиҳед). [Ба ривояти Бухорӣ]

4. Мурда рӯи ин порчаҳо ба пушт хобонида мешавад, пас аз он гушаи чапи қисмати болоро гирифта бар бахши рост паҳн кунанд, сипас гушаи ростро бар чап кунанд.

Ба ҳамин гуна порчаҳои дуввуму саввумро низ мепечанд, баъд аз он он чӣ боқӣ мемонад, ба тарафи сар мегардонанд ва бо ришта онро гиреҳ мезананд, то боз нашавад ва ба ҳангоми ба хоксупорӣ онро мегушоянд

5. Пӯшонидани ҳамаи бадан дар кафан, воҷиб аст, магар ин, ки ҷуз порчаи кӯтоҳе дар дастрас набошад,

пас онро ба сӯи сараш паҳн кунанд ва тарафи пойҳояшро бо наботи хушбӯе ба номи азхар мепӯшонанд,

ба далели гуфтаи ҷаноб дар достони кафан кардани Мусъаб бин Умайр (р): (Набии акрам (с) ба мо амр карданд, ки сарашро бипӯшонем ва бар пойҳояш аз наботи азхар бигзорем) [Ба ривояти Бухорӣ].

6. Касе, ки дар ҳолати эҳром бимирад, дар ҳамон ду ҷомаи эҳромаш, кафан карда мешавад ва сари марди муҳрим пӯшонида намешавад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Бо об ва сидр ғуслаш бидиҳед ва дар ду ҷомааш кафан кунед, махлути хушбӯии кафани мурда ба он назанед ва сарашро низ напӯшонед, зеро дар рӯзи қиёмат, талбиягӯён зинда мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ].


Порчаҳои сафед аз пахта


Гузоштани хушбӯ бар порчаҳо


Майит бар пушт гузошта мешавад


Ҳамаи бадан пӯшонида мешавад

Читайте также: