Тасири карина вирус ба иктисодиети давлати япония

Обновлено: 19.04.2024


Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон, бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Чин ошкор гардид, беш аз 4 миллион нафар одамон дар 210 кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд ва амалиёти тиҷоратиро боздоштанд. Андешидани чунин тадбирҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум сабаб гардида, ҳамзамон ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсири худро расонида, боиси паст рафтани нархи қоғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст.

Пешгӯии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон якчанд оқибатҳои манфии ин пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ. Дар натиҷаи таъсири манфии ин омилҳо арзёбии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2,4 фисад пешгӯӣ гардида истодааст, ки аз пешгӯии аввала 2,9 фисад камтар аст.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимоли таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати мо низ дар назар аст. Аз ҷумла коҳиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро зиёдтар расонад.

Дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеъона ва саривақтӣ бурда истодааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамзамон барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хурокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон банақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама пешгирӣ, чораҷӯӣ аз ин беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Ҳамзамон аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он назаррас буда, тамоми мардуми мамлакат амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек анҷом дода истодаанд. Хушбахтона, дар ин рӯзҳои мушкил шумораи шахсони соҳибдилу накӯкор ва соҳибкорони саховатпеша хеле зиёд буда, воқеан ҳам мояи ифтихори миллии мо дар байни дигар халқу миллатҳо мебошанд. Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори ватанӣ ва бурунмарзии мо ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардум аз бемории хатарнок ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтии муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд. Ин ҳама сарҷамъию муттаҳидии миллати тоҷик ба шарофати иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз амалҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кумак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё муайян намудаанд, ки ду роҳи мубориза бо ин вирус пеш гирифта шудааст. Қабл аз ҳама, ин карантини шадид аст, ки дар натиҷаи он тамоми корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳои худ қарор мегиранд. Роҳи дигар, карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулии худ идома медиҳанд ва музду маошашонро аз кори маъмулии худ пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба ин маризӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад.

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Сарвари давлат сарҷамъ гардида, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳал намоем. Бо боварии комил ва иродати қавӣ имрӯз метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта истодаанд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор, мо, вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ буда, талош менамоем, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кумак расонем. Ҳамзамон ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда истодаем.

Мо итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин офати аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, Ватани азизамон-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия,
номзади илмҳои иқтисодӣ,
узви Фраксияи ҲХДТ


Пандемияи коронавирус такони огоҳкунандаест. Он субъектҳои иқтисодиёти ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват мекунад ё баръакс, ҳар кадомро водор месозад, ки дар алоҳидагӣ амал намоянд. Аз ибтидои пайдоиши пандемияи коронавирус дар Чин ҷараёни паҳншавии он дар ҳама ҷо ба якдигар монанд буд. Дар он шароит кишварҳои мутараққӣ аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои дохилӣ баромада тавонистанд, давлатҳои рӯ ба инкишоф танҳо бо ҳамкории мутақобила мушкилиҳоро ҳал менамоянд. Аз ин рӯ, кишварҳои олам бояд бар асоси таҳкурсие, ки муносибатҳои иқтисодӣ, савдои озод ва ҷараёни ҷаҳонишавиро суръат мебахшад, муттаҳид шаванд, ки онро иқтисодиёти рақамӣ таъмин менамояд. Дар шароити паҳншавии пандемияи коронавирус зарурати рушди интернет ва шабакаҳо ҳамчун воситаҳои асосии мавҷудият ва пешравии ҷомеа барои доираҳои соҳибкорӣ ва кишварҳо ба ҷои аввал баромад. Инсоният ба давраи нави рақамии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ворид шуд.

Зимнан, иқтисодиёти рақамӣ фаъолияти иқтисодиест, ки дар асоси ҷорисозӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ — иттилоотӣ дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва дигар самтҳо ташкил шуда, ба хотири таъмини манфиатҳои миллӣ, баландбардории сатҳу сифати зиндагии мардум, инчунин фароҳам овардани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар бозорҳои беруна амал мекунад. Иқтисодиёти рақамӣ гузариш ба шаклу сохти нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Мутаассифона, буҳрони ҷаҳонии коронавирус буҳрони ниҳоӣ нест ва вобаста ба тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон, тезутундшавии ҷараёнҳои ҷаҳонӣ такроршавии босуръати буҳронҳои дигар низ пешгӯӣ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон садо баланд мекунанд, ки инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ бо истеъмолоти беҳудаю беназорат ва нобаробарии иҷтимоӣ дар ҷомеа то куҷо мерафта бошад? Ҳанӯз 20 сол қабл ҷомеашиноси итолиёвӣ Доменик Белпомм дар бораи 5 сенарияе, ки сайёраро маҷбуран ба нестшавӣ мерасонад, маълумот дод, ки байнашон зуҳури пандемияи сироятӣ низ буд. Пандемияи коронавирус ҷараёни гузариш ба рақамикунонии ҷомеа, соҳибкорӣ ва тиҷоратро, ки тайи солҳои охир давом дорад, тезонид. Буҳроне, ки маҳдудияти зиёдро дар кишварҳои олам пеш овард, ба иқтисодиёти анъанавӣ зарба зада, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ такон бахшид. Кор то ба он ҷое ҳам расид, ки сарварони кишварҳо аз вохӯриҳои як ба як ва гурӯҳӣ даст кашида, конференсия ва мулоқотро тавассути Skype, Zoom ва дигар барномаҳо анҷом доданд. Илова бар ин, тиҷорат, илму маориф ва соҳаҳои дигар ба платформаҳои онлайн (муросилотӣ) гузашта, хароҷотро то андозае камтар карданд. Ҳамчунин дастрас намудани молу маҳсулот бе алоқаи байниҳамдигарии одамон афзалият нишон дода, роботҳои хизматӣ, мағозаҳои худхизматрасонии бе фурӯшанда ва дигар самтҳои нави фаъолиятро пеш оварда, хавфи сироятёбии одамонро кам гардониданд. Ҳамаи ин ба рушду равнақи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуд ва одамон аз тарси он ки аз вирус сироят наёбанд, ба савдои ғайримус­тақим ё онлайн бартарият доданд. Ин ҷиҳат саҳми тиҷорати электронӣ (e-commerce)-ро зиёд гардонид.

Вобаста ба ин, тибқи маълумоти SaaS Quantum Metric, дар давраи пандемия ҳаҷми тиҷорати электронӣ (e-commerce) ба 52 дарсад расида, аз рӯи маълумоти Комиссияи Аврупо, бозори ҷаҳонии телетиб (истифодаи технологияи компютерӣ барои табодули маълумоти тиббӣ) зиёда аз 14 фоиз рушд кард. Созмони ЮНЕСКО қайд мекунад, ки 160 давлати дунё таҳсили мактаббачагонро ба реҷаи онлайн гузаронидаанд, ки 87 фоизи толибилмонро дар ҷаҳон ташкил менамояд. Зикр бояд кард, ки ҳаҷми хизматрасонии телетиб дар дунё ба 45 млрд. доллари ИМА ва дар Россия ба 2 млрд. доллари ИМА расидааст.

Аз рӯи маълумоти коршиносон, соли 2020 ва аввалҳои соли 2021 сатҳи бекорӣ афзуда, сатҳи тараққиёти иқтисодиёти кишварҳои мутараққӣ қариб 10 фоиз ва мамлакатҳои рушдкунанда 2-3 фоиз поён меравад. Имсол аз таъсири пандемияи COVID-19 фазои тиҷоратию соҳибкорӣ дигаргун мегардад ва иқтисодиёти ҷаҳон аз он зиёда аз 1 трлн. доллари ИМА зарар мебинад. Дар баъзе аз кишварҳои ИДМ талабот ба хизматрасониҳои алоқаи овозӣ 15 фоиз, дастрасӣ ба интернети доимимуайяншуда 30 фоиз, интернети мобилӣ 10-15 фоиз зиёд мегардад ва бо гузашти давраи муайян ин рақамҳо боз ҳам боло мераванд.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, бо пайдоиши пандемияи коронавирус суръати рақамикунонии иқтисодиёт даҳ баробар афзуд. Солҳои тӯлонист, ки дар бораи рақамикунонии иқтисодиёт, дар мисоли корбарии алоҳидагӣ (муросилотӣ, дурӣ аз ҷои кори асосӣ), таҳсилоти фосилавӣ, телетиб ва ғайраҳо) гуфтугузору мубодилаи афкор идома дошта, алҳол муҳимияти ин масъалаҳо баръало ба чашм мерасад. Буҳронҳо меоянду мераванд, ҳар кадоме ба дигаргуниҳо, пайдоиши соҳаҳои нав дар иқтисодиёти ҷаҳон замина гузошта, муносибатҳои иқтисодиро тағйир медиҳанд. Нобаробарии рақамикунонӣ, ки ба сатҳи доро будан ва таъмини технологияҳои иттилоотӣ, барномаҳои корбарӣ, асосҳои моддию техникии иқтисодиёти рақамӣ вобаста аст, бо гузашти вақт аз байн рафта, кишварҳоро ба ҳамгироӣ дар бахши рақамикунонии муносибатҳои иқтисодӣ водор месозад.

Як бори дигар исбот шуд, ки саноати телекоммуникатсия дар рушди тиҷорату соҳибкорӣ, муносибатҳои иқтисодии одамону кишварҳо нақши калон дошта, ҳамгироии субъектҳои иқтисодиро дар шароити карантин (lоckdown) таъмин месозад. Дар шароити худиҳотанамоӣ, ки 80 фоизи кишварҳо пурра, 20 фоизи дигар қисман карантин ҷорӣ карданд, ду гурӯҳи мутахассисон: кормандони соҳаи тиб ва телекоммуникатсия барои беҳбудии саломатии мардум ва беҳсозии ҳолати эпидемиологӣ саҳми босазо гузоштанд. Ширкатҳои калони телекоммуникатсионӣ қариб 15% кормандонро дар ҷойҳои кор монда, 85% дар шароити фосилавӣ аз хонаҳо фаъолият намуданд.

Хусусияти дигари рақамикунонӣ он аст, ки дар баъзе аз кишварҳои ИДМ китобҳои дарсиро ба шакли электронӣ гузаронида, таҳсилоти фосилавӣ ҷорӣ намуданд. Ин намуди таълим омӯзиши босифати иловагии хонандагонро таъмин ва барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароит фароҳам сохт. Масалан, дар Федератсияи Россия то соли 2024 минтақаҳо бо технологияҳои нави фосилавӣ таъмин гардида, 70% кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта мешаванд. Калонтарин мактабҳои олии Федератсияи Россия, ба монанди ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, ДДСПб, ДФУ, ДИТ Мактаби олии иқтисодӣ ва дигарҳо барои донишҷӯён онлайн-курсҳои ройгон ташкил карданд.

Дар ҷаҳони технологияҳо ва олами рақамӣ омехташавии фарҳангӣ қариб ҳама вақт ба амал омада, дар тиҷорати рақамикунонидашуда фарқият байни фарҳанги корпоративӣ аз байн меравад, яъне шаффофият, суръат, фаъолнокӣ, моделҳои нави меҳнат қариб дар ҳама ҷо як хел мешаванд.

Пандемия дар ҷаҳон фаъолнокии доираҳои тиҷоратию соҳибкориро суст гардонид. Масалан, ин ҳолат илова ба нархи пасти нефт дар Россия хисороти иқтисодиётро ба беш аз триллион рубл расонид. Ҳаҷми ММД Федератсияи Россия аз 2,5-5% пешгӯӣ шуда, сафи бекорон аз 2,5 то 8 миллион нафар мерасад. Тибқи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон аз ретсессия (таназзул) зиёда 9 триллион доллари ИМА бой медиҳад.

Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева зикр менамояд, ки иқтисодиёти ҷаҳон ретсессияи бадтаринро нисбат ба буҳрони глобалии иқтисодӣ аз сар мегузаронад, ки дар таърихи 75-солаи хазина кишварҳо ба маблағгузории фаврӣ муроҷиат накарда буданд, якбора 85 давлати дунё ба ин намуди маблағгузорӣ дархост пешниҳод карданд. Аз ин рӯ, ХБА аз захираҳо 1 триллион доллари ИМА ҷудо намуда, ҳаҷми маблағгузории фавриро ду маротиба зиёд карда, аз 50 млрд. доллари ИМА ба 100 млрд. доллари ИМА мерасонад. Тибқи пешгӯии ХБА, дар натиҷаи пандемия аввали соли 2020 рушди иқтисодиёти ҷаҳон 1,9%, баъд 4,9% поён меояд. Дар минтақаи евро 10,2% коҳиш ёфтани иқтисодиёт дар назар аст. Таҳлилгарони ХБА зикр намуданд, ки пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳар моҳ 375 млрд. доллари ИМА зарар мерасонад. Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ соли 2020 бо иловаи маблағҳои грантии дастгирикунандаи буҷет ба 23,6 млрд. сомонӣ (28,3% ММД), нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 26,0 млрд. сомонӣ (31,3%ММД) баробар мегардад. Дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарӣ шуда, тибқи он коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии ММД нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, аз 87,3 то 83,5 млрд. сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8% то 4,7% пешгӯӣ мегардад.

Иқтисодшиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) пешбинӣ мекунанд, ки пандемияи коронавирус Инқилоби чоруми саноатиро суръат бахшида, ба рақамикунонии иқтисодиёт сабаб мегардад ва пайдоиши онлайн-иқтисодиёт ба миён меояд. Тиҷорат суст гардида, занҷираи истеҳсолот-фурӯш дар шаклҳои дигар ва бо афзалияти амалҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар давраи пандемия бонкҳо хизматрасонии фосилавиро васеъ намуда, ба мизоҷон хадамоти интернет-банкинг, банкинги мобилӣ, смс-банкинг ва ғайра пешниҳод менамоянд.

Ташаббускорони қабули қарорҳо оид ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, ширкатҳои калони технологӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, шароитро барои ояндаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии саноат ва ғайра фароҳам меоранд. Ин ҷо шартҳои ҳимоя ва бехатарии сарчашмаи маълумоти ҳам инфиродӣ ва ҳам корпоративӣ, ҳангоми истифодаи онлайн-замимаҳо ва биометрия, инчунин андозбандии ширкатҳои рақамӣ ба миён меоянд.

Пандемияи коронавирус ба ҳаҷми фоидаи корпоратсияҳои технологӣ низ таъсири манфӣ расонид. Он на танҳо гузариши корхонаҳоро ба ҷараёни рақамикунонӣ тезонид, балки муҳаққиқону олимонро водор сохт, роҳу усули нави истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои амалишавии мақсадҳо ҷустуҷӯ намоянд.

Интизор меравад, ки дар иқтисодиёти рақамӣ ҳангоми истифодаи муштараки захираҳо аз рӯи қиёси талаботу пешниҳоди тавоноиҳои истеҳсолӣ (Combiworks) ва пайваст намудани борравонкунандагон бо нақлиёти боркашонӣ (Cargomatic) дар чорчӯбаи B2B ривоҷу равнақ меёбад. Ин дар он ифода меёбад, ки ширкатҳои таҳти фишори бозор қарордошта усули эҷодкорию ба зудӣ кам кардани хароҷот ва ба пул табдилдиҳии дороиҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Масалан, ҳамин ҳолат боис гардид, ки бозори ҳамкории муштараки васоити рақамии ширкатҳои Microsoft Teams, Google Hangouts ва Zoom рушд намуда, арзиши саҳмияҳои ширкати Zoom 50% боло равад.

Россия аз рӯи маблағгузории рақамикунонӣ дар сатҳи 4% ММД қарор дошта, то соли 2025 иқтисодиёти рақамиро рушд дода, мехоҳад ба кишварҳои пешсаф баробар шавад. Ҳозир пешсафони саҳми иқтисодиёти рақамӣ дар ММД кишварҳои ИМА ва Чин (11% ММД) ба ҳисоб мераванд. Дар ФР барои рақамикунонии иқтисодиёт 3,5 трлн. рубл (0,5 млрд. доллари ИМА) ҷудо намуданд. Сатҳи рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар Германия 46%, Франсия — 67 ва Нидерландия 77% мебошад.

Ҳолатҳои буҳронӣ, ки аз пандемия ба вуҷуд омаданд, камбудию норасоии рақамикунонии ҷараёнҳои ҷамъиятию сиёсӣ, хоҷагӣ, илму маорифро нишон дода, баъзан ба рақамикунонии саросемаю маҷбурӣ оварда мерасонанд. Зимнан, ҳукуматҳо барои дастгирии соҳибкорӣ як қатор қарорҳои барои рақамикунонӣ вобаста қабул намуданд. Барои мисол метавон кишвари ҳамсоя — Ӯзбекистонро ном бурд, ки он ҷо рақамикунонии соҳаҳои саноат фаъолона ҷорӣ гардида, шумораи аҳолии ба интернет дастрасидошта ба 67%, яъне ба 22,5 млн. нафар баробар шудааст. Саҳми мутахассисони соҳаи ТИК (технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) миёни аҳолии соҳиби шуғл ба 0,5% мерасад, ки ин нишондиҳанда дар давлатҳои пешрафтаи Иттиҳоди Аврупо ҳафт баробар зиёд буда, 3,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Россия 77% шумораи умумии хонаводаҳо интернет, 65% аҳолии калонсол барои дохилшавӣ ба интернет телефони мобилӣ истифода бурда, ин рақамҳо мутаносибан дар Корея ва Япония 99% ва 96 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин 42 фоизи интернет-истифодабарандагони калонсол бо почтаи электронӣ кор мекунанд. Барои муқоиса ин нишондиҳанда дар Финландия ва Шветсия — 94%, Чехия — 93%, Британияи Кабир ва Германия — 92% мебошад.

Пандемияи коронавирус боз як бори дигар муҳимият ва ногузирии коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои мукотибаи фосилавиро ба миён гузошт. Дар рушди чунин технологияҳо блокчейн, ки миёнаравҳоро ҳангоми амалиёт аз байн мебарад, нақши асосӣ мебозад. Дар ин самт Чин хеле фаъолияти хуб дорад, ки тасдиқи он ҷорисозии юани рақамӣ дар асоси технологияи блокчейн мебошад.

Дар бисёре аз кишварҳо ташкили шаҳрҳои доно (smart city) аз рақамикунонии ҳукумат оғоз гардида, баъд аз ин амалишавии барномаю ташаббусҳои гузариш ба шаклҳои рақамии интиқоли иттилоот ба дигар соҳаҳои ҳаёт идома дода мешавад. Дар Британияи Кабир, Дания ва Сингапур ҷараёни ҳамкории доираҳои тиҷоратӣ ва аҳолӣ бо сохторҳои давлатӣ, тавассути онлайн-хизматрасониҳо, замимаҳои мобилӣ ва барномаҳои инноватсионӣ 98% дархостҳоро ташкил менамоянд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз ҷумла, биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оид ба истифодаи он низ дастуре нест. Вобаста ба ин дар мамлакат амалиёти молиявию бонкӣ бо истифодаи он гузаронида намешавад. Он танҳо дар шабакаи Интернет дар муомилот қарор дорад. Аз ин рӯ, бинобар ниҳонӣ будани он, муайян намудани шахсияти дорандагони биткоин дар ҷумҳурӣ ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.

Мақсади асосии ташкили Ҳукумати электронӣ амалӣ сохтани масъалаҳои зерин мебошад:

— баландбардории самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби истифодаи васеи ТИК;

— баланд намудани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандону муассисаҳо;

— содагардонии раванд ва кам намудани муҳлатҳои расонидани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, ихтисори хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматрасониҳо марбутанд;

— баландбардории дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— ташкили низоми ягонаи мубодилаи иттилоот бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ -электронӣ, ҳамбастагии доимӣ бо низом ва маҳдудиятҳои шабакаҳои бақайдгирии ҳамаи муштариён.

Дар сурати ҷорӣ намудани Ҳукумати электронӣ масъалаҳои зерин ҳал хоҳанд шуд:

-коркард ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотӣ-таҳлилӣ, ки ҷараёни қабули қарорҳои идоракуниро дар ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мемонанд;

— автоматикунонии ҳамкории байниидоравӣ ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ, ҷараёни расонидани хизматрасониҳои давлатӣ;

— дастрасӣ ва шаффофияти иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васеъ намудани дастрасӣ ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон, муассисаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди ташкилу ташхиси қарорҳои дар ҳамаи сатҳ қабулнамудаи идоракунии давлатӣ;

— баландбардории сифати ҷараёнҳои маъмурӣ-идоракунӣ, таъмини назорати фаврии натиҷаҳои фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Инчунин барои амалишавии гуфтаҳои боло бояд асосҳои зарурии меъёрӣ -ҳуқуқии ташкили ҳукумати электронӣ ба роҳ монда шавад. Чунончӣ, ташкили инфрасохтори ягонаи таъмини ҳуқуқии ҳамкории электронӣ, ташкили таркибҳои асосии инфрасохтори ҳукумати электронӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмини бехатарии инфрасохтори иттилоотӣ ва ташкили низоми давлатии автоматикунонии идораи захираҳо ва ғайра.

Коршиносони ширкатҳои машваратии байналмилалӣ аз рӯи маълумоти омории мавҷуда, саҳми иқтисодиёти рақамиро дар ММД мамлакат қариб 0,6% ҳисоб мекунанд. Ташаккул ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ ояндаи дурахшон пешгӯӣ менамояд. Давлат бо дарназардошти сатҳи баланди маълумотнокии аҳолӣ аз рушди иқтисодиёти рақамӣ баҳраи бисёр ба даст хоҳад овард.

Иқтисодиёти рақамӣ барои мубодилаи иттилоот, илму маориф ва пешбурди шаффофи тиҷорату соҳибкорӣ, имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Мақомоти давлатӣ дар риоя намудани низому қоидаҳо ва додугирифти тиҷоратӣ ва бехатарию эътимоднокии онҳо дар фазои рақамӣ, чӣ барои соҳибкорон ва чӣ барои истеъмолкунандагон нақши калон мебозад.

Бо қабули қарору қонунҳои саривақтию муҳим, мақомоти давлатӣ фазои барои рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидаткунандаро фароҳам меоранд, ки самаранокии фаъолияти онҳо ва ҷомеаро дар умум баланд мебардорад. Мақомоти давлатӣ роҳҳои ҳавасмандгардонии гузариши гурӯҳи кормандонро дар истеҳсолот ба намудҳои нави ҷойҳои кории рақамӣ бояд муайян намоянд.

Хусусияти иқтисодиёти рақамӣ, ки ба иттилооту технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад, аз он иборат аст, ки маркази ташаккули арзиши изофа тағйир меёбад. Маркази асосии иқтисодиёти анъанавӣ агар истеҳсолот бошад, аз иқтисодиёти рақамӣ муҳандисӣ (engineering) ба шумор меравад, ки ҳама консепсияи иқтисодиёти муосирро муайян месозанд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки он ҳама тағйироти глобалӣ инсониятро неруманду донотар гардонид ва ҷомеа аз буҳрони коронавирус таҷриба гирифта, зеҳну шуурро боз ҳам ба эҷоду ихтироъкорӣ раҳнамо сохт.


Воқеан ҳам, имрўз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти нави короновирус COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир намудааст ва мушкилиҳои зиёдро пеш овардааст. Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо, вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 11 марти соли ҷорӣ расман эпидемияи коронавирусро пандемия эълон кард. Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин созмон бо вирусе, ки моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Хитой ошкор гардид, қариб 4 миллион нафар одамон дар 210 кишвари дунё сироят ёфтаанд. Барои пешгирӣ намудани паҳншавии босуръати коронавирус ҳамаи кишварҳо сарҳадҳои худро баста, гардиши миллионҳо нафар одамонро бо ин роҳ маҳдуд намуданд ва амалиётҳои тиҷоратиро боздоштанд. Андешидани чунин чораҳо ба суст шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар умум боис гардида, ҳамзамон, ба фаъолияти бозорҳои байналмилалии молиявӣ таъсири худро расонидааст ва боиси паст рафтани нархи қоғазҳои қиматноки ширкатҳои бонуфузи дунё гаштааст.

Пешгўии дақиқи зарари ин бемориро то ҳол ягон кишвари дунё муайян накардааст. Аммо дар асоси таҳлилҳои коршиносон якчанд оқибатҳои манфии ин пандемияро барои иқтисодиёти ҷаҳон номбар намудан мумкин аст: пастравии сатҳи истеҳсолот, ихтисоршавии ҷойҳои корӣ (махсусан дар бахши хизматрасонӣ), паст гардидани даромаднокии бонкҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон, коҳишёбии даромадҳои бахши сайёҳӣ. Дар натиҷаи таъсири манфии ин омилҳо арзёбии рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ 2,4 фисад пешгўӣ гардида истодааст, ки аз пешгӯии аввала 2,9 фисад камтар аст.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус ба Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимолияти таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати мо низ дар назар аст. Аз ҷумла коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёт ва саривақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои самоягузорӣ метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъсири манфии худро зиёдтар расонад.

Дар атрофи масъалаҳои ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва иқтисодиёти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои дунё ҷиҳати дар сатҳи муайян нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти миллӣ иқдомҳои нек амалӣ намуда, талошҳои қотеона ва саривақтӣ бурда истодааст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ доранд.

Ҳукумати кишвар тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал роҳандозӣ намуда, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Ҳамзамон, барои фаровонии бозорҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҷоннок намудани кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва махсусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти хурокворӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда истодаанд.

Имрўз дар Тоҷикистон ба нақшагирии бисёрсоҳавии чораҳои эътино ва таъмини омодагии ҷомеа босуръат идома дорад. Қабл аз ҳама пешгирӣ, чораҷӯӣ аз ин беморӣ ва тақвият додани низомҳои миллӣ барои таъмини омодагии низоми тандурустӣ роҳандозӣ гардида, барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии минбаъдаи вирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Ҳамзамон, аҳамияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҷилавгирӣ аз пандемия ва оқибатҳои он назаррас буда, тамоми мардуми кишвар амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек анҷом дода истодаанд. Хушбахтона дар ин рӯзҳои мушкил шумораи шахсони соҳибдилу накӯкор ва соҳибкорони саховатпеша хеле зиёд буда, воқеан ҳам мояи ифтихори миллии мо дар байни дигар халқу миллатҳо мебошад. Соҳибкорони саховатпешаю эҳсонкори ватанӣ ва бурунмарзии мо ба хотири ҳифзи сиҳатӣ ва офияти мардум аз бемории хатарнок ба муборизаи дастҷамъона ҳамроҳ шуда, барои ҳалли саривақтии муаммою мушкилоти мавҷуда камари ҷавонмардӣ бастаанд. Ин ҳама сарҷамъию муттаҳидии миллати тоҷик ба шарофати иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз амалҳои наҷибу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, зеро ба таъкиди Сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кӯмак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.

Чӣ тавре, ки коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё муайян намудаанд, ду роҳи мубориза бо ин вирус пеш гирифта шудааст. Қабл аз ҳама, ин карантини шадид аст, ки дар натиҷаи он тамоми корхонаҳо аз кор мемонанд ва одамон дар хонаҳои худ қарор мегиранд. Роҳи дигар, карантини нарм аст, ки одамон дар ин ҳол ба кори маъмулии худ идома медиҳанд ва музду маошашонро аз кори маъмулии худ пайдо мекунанд. Вале риоя кардани қоидаҳои беҳдоштӣ ва манъи маъракаҳои серодам имкон медиҳад, ки раванди мубтало шудан ба ин маризӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад.

Имрӯз мо пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад, ки аз болои ин вируси аср дастболо гардем. Бинобар ин, моро зарур аст, ки атрофи Роҳбари давлат сарҷамъ гардида, тамоми масъалаву мушкилоти пешомадаро фаврӣ ва дастаҷамъона ҳаллу фасл намоем. Бо боварии комил ва иродати қавӣ имрӯз метавон гуфт, ки мардуми Тоҷикистон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта истодаанд.

Дар чунин лаҳзаҳои барои мардум душвор, мо, вакилони мардумӣ бо тамоми ҳастӣ дар паҳлӯи миллату давлати худ буда, талош менамоем, ки дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада, ба интихобкунандагони худ кӯмак расонем. Ҳамзамон, ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда истодаем.

Мо итминони комил дорем, ки бо сарҷамъию муттаҳидӣ, саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии ҷомеаи меҳнатӣ, бо саъю кӯшиши муштараки сокинону соҳибкорони бонангу номуси шаҳру деҳотамон ин мушкилотро паси сар мекунем, аз ин вабои аср раҳоӣ меёбем ва ба рӯзгори орому осоиштаи худ идома мебахшем, Ватани азизамон-Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар мегардонем.

2020 йилда пандемия сабаб иқтисодий қулашларнинг юз бериши бўйича айрим сигналлар вужудга келмоқда. Булардан асосийси “иқтисодий таътил”ларнинг юз беришидир. Бу ҳақда иқтисодиёт фанлари доктори Нодир Жумаев ўз фикрларини билдирди.

Жаҳон иқтисодиётининг янги инқирози – иқтисодий ҳаракатсизлик

Жаҳон банкининг маълумотларига кўра, жаҳон иқтисодиёти охирги 50 йилда тўрт маротаба ташқи қарз тўлқинини бошидан кечирди. Шундан, дастлабки учтаси инқирозлар билан якунланди. Уларнинг охиргиси сифатида 2010 йилдан буён ривожланаётган мамлакатларда қарз тўлқини ­ўзининг энг юқори чўққисига чиқди. 2018 йилда жами қарз 54 фоиз пунктга ошиб, ЯИМга нисбатан 170 фоизни ташкил этди. Жорий паст фоизли ставкалар юқори қарз муаммоларини бартараф этишда асосий восита бўлиши мумкин . Ҳозирги кунга қадар иқтисодий инқирозлар турли молиявий инстирументларнинг нобарқарорлигидан келиб чиққан бўлса, жорий даврдаги инқирозни юзага келиши тамомила ўзгача тус олганлиги билан фарқланади.


2020 йилда қарз инқирозидан ўзгача тусга эга бўлган, бошланишидан иқтисодий хусусият касб этмаган инқироз омили – бу пандемия эканлигини кузатишга тўғри келмоқда. Натижада, иқтисодий қулашларнинг юз бериши бўйича айрим сигналлар вужудга келмоқда. Булардан асосийси “иқтисодий таътил”ларнинг юз беришидир. Бошқача айтганда, ялпи истеъмолнинг тушиб кетиши ва ялпи таклифнинг тўхталиши билан бевосита боғлиқдир. Мазкур иқтисодий инқирознинг энг асосий белгиси сифатида – иқтисодий ҳаракатсизликни келтириш мумкин. Бу шароитда, давлатларнинг энг асосий вазифаси ­-­ минимал иқтисодий ҳаракатни таъминлаб туришдан иборат бўлиши лозим.

2020 йил февралидан бошлаб айрим Хитой компаниялари “Коронавирус облигациялари”ни эмиссия қилишни бошлашди. Shenzhen Airlines авиакомпанияси 600 млн. юан миқдоридаги облигацияларни муомалага чиқарди. Жалб этилган маблағлар асосан бекор қилинган парвозлар учун билетларнинг қийматини йўловчиларга қайтариб бериш ва озиқ-овқатларни транспортировка қилиш учун молиялаштириш тадбирларига йўналтирилишини маълум қилинди.

Шунга ўхшаш ҳолатларни таҳлил этсак, февраль ойидан буён 25 та Хитой компанияси 24 млрд. юан (3,4 млрд. АҚШ доллари) миқдорида корпоратив облигациялар ҳисобидан қарз маблағларини жалб этди.

Жаҳон бозорида эса, йирик иқтисодиётга эга мамлакатлар ўртасида миллий валюталари воситасида ўзаро иқтисодий мусобақалар бошланиб кетди. Баъзи экспертларнинг хулосалари АҚШ долларининг халқаро валюта бозоридаги ўрни юаннинг қадри ошиши ортидан хавф остида қолишини акс эттирмоқда.


Масалан, 2020 йил Россия молия вазирлиги “Миллий барқарорлик фонди”нинг капитали таркибига юанни ҳам жойлаштиришни бошлашини эълон қилди. Ҳозир кунда ушбу фонднинг асосий қисмини АҚШ доллари ва евро ташкил этади. 2020 йил 1 март ҳолатига ЯИМнинг 7,3 фоизини ташкил қиладиган фонд валюта таркибини янада диверсификация қилиш санкциялар ва геосиёсий вазиятда иқтисодиётни инқирозли ҳолатлардан ҳимоя қилишда муҳим чора бўлиши таъкидланмоқда. Жумладан, юаннинг улушини 15-20 фоиз, долларнинг улушини эса 20-25 фоиз атрофида бўлишига эришиш назарда тутилмоқда.

Бу каби салбий оқибатларни иқтисодиётимиз тармоқларига салбий таъсирини юмшатиш мақсадида Давлатимиз раҳбари ва Ҳукуматимиз томонидан тезкор чора-тадбирлар ишлаб чиқилиб, ҳаётга тадбиқ этилди. Бу борада, Ўзбекистон Республикаси Президентининг 2020 йил 19 мартдаги “Коронавирус пандемияси ва глобал инқироз ҳолатларининг иқтисодиёт тармоқларига салбий таъсирини юмшатиш бўйича биринчи навбатдаги чора-тадбирлар тўғрисида”ги 5969-сонли Фармонининг қабул қилиниши айни муҳим тадбир бўлди. Ушбу ҳужжатга кўра, макроиқтисодий мувозонатни барқарорлаштиришга қаратилган қатор чора-тадбирлар белгилаб берилди. Натижада, белгиланган йўналишларда вазифаларни амалга ошириш қуйидаги макроиқтисодий мувозонат кўрсаткичларини таъминлашга пойдевор бўлиб хизмат қилади. Хусусан, Инқирозга қарши жамғарманинг тузилиши пандемия оқибатларини аниқ молиялаштириш манбасини белгилаб берди.


Ушбу жамғарманинг тузилиши биринчи навбатда, пандемия билан курашиш харажатларини молиялаштиришни ўзида акс эттиради. Касалликни аниқлаш, даволаш каби харажатлар билан бирга тиббиёт ходимларига моддий рағбатлантиришни ўзида акс эттирувчи харажатларни қоплаш назарда тутилади.


Фикримизча, ушбу ҳолат давлатнинг ижтимоий мажбуриятларни ўз зиммасига олаётганлиги ва уни самарали амалга ошираёганлигидан далолат беради. Шу билан бирга, ушбу фармон доирасида макроиқтисодий мувозанатни таъминлашда кам таъминланган аҳоли қатламларига моддий ёрдам бериш ҳажмини ошириш орқали ички истеъмолни рағбатлантириш ва иқтисодий ўсиш суръатини сақлаш назарда тутилганлиги бу соҳадаги салбий оқибатларни юмшатиши билан аҳамиятлидир.

  • Экспорт билан шуғулланувчиларнинг айрим харажатларини тўлаб берилиши, ушбу турдаги корхоналарнинг тўловга қобиллигини сақлашга ёрдам берилиши;
  • иқтисодий қийинчиликка учраётган корхоналарга уч йилгача бюджет ссудалари берилиши;
  • тўловсизликнинг макроиқтисодий мултипликацион таъсирини олдини олиши каби тадбирлар шулар жумласидандир.

Ижтимоий солиқ ва шу каби солиқ, бошқа мажбурий тўловларнинг кечиктирилиши ёки маълум фоизда камайтирилишини жорий этилиши тадбиркорларга барқарор “молиявий таътил”га чиқишини англатади. Натижада, макроиқтисодий талаб ва таклиф мувозанатига эришишга шароит юзага келади.

Бир сўз билан айтганда, фавқулодда юзага келган вируснинг таъсирини кенгайиб кетмаслиги учун ўз вақтида чораларни, жумладан, иқтисодий вазифаларни ишлаб чиқилиши ва ҳаётга тадбиқ этилиши иқтисодий инқироз оқибатларини юмшатишга ва бартараф этишга тўлиқ шарт-шароит яратиб беради, деб ҳисоблаймиз.


Ўзбекистон Республикаси Соғлиқни сақлаш вазирлиги, АОКА, Ўзбекистон Ёшлар иттифоқи ҳамда Миллий масс-медиани қўллаб-қувватлаш ва ривожлантириш жамоат фонди ҳамкорлигида ташкил қилинган расмий телгерам канали 2020 йил 2 апрель соат 20:40да эълон қилинган “Ойлик даромадсиз қолсангиз, жамғармангиз қанча вақтга етади?” номли сўровномада 467000 дан ортиқ (ўзбек тилида 312000, рус тилида 155000)дан ортиқ инсонлар иштирок этган. Жавоб берганларнинг 40 фоизга яқини “жамғармам йўқ” деб жавоб берган. Хулоса қилиб айтганда, узоқ муддатли даврда истеъмолни таъминлаш долзарб вазифа эканлиги кўзга ташланади.

Умуман олганда, 2019 йилдан бошлаб аҳолининг сотиб олиш қобилиятини оширишга қаратилган чораларнинг қўлланганлиги, хусусан, даромад солиғи туширилганлиги ўзининг ижобий тасдиғини топди. Шу билан бирга, Ўзбекистонда эпидемик ҳолат натижасида аҳолининг истеъмоли айрим харажатлари вақтинчалик қисқариши натижасида аҳоли даромадларининг истеъмол муддатини оширишга ёрдам бериши мумкин.

Хулоса қилиб айтганда, Давлатимиз раҳбари ва Ҳукуматимиз томонидан иқтисодиётни янада либераллаштирилишига қаратилган ислоҳотлар, 2020 йилги Парламентга Мурожаатномада ҳам таъкидлаб ўтилганганидек, иқтисодиётимиз ривожини, аҳоли бандлиги ва даромадлари ўсишини таъминлайдиган энг муҳим соҳаларни ривожлантирилиши алоҳида аҳамиятга эга.

Нодир ЖУМАЕВ, Олий Мажлис Қонунчилик палатаси депутати,

иқтисодиёт фанлари доктори, профессор

Дилшоджон РАХМОНОВ, Банк-молия академияси кафедра мудири,


Беш аз 10 моҳ мешавад, ки яке аз масъалаҳои асосии ташвишовари иқтисодиёти ҷаҳон мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 мебошад. Аз ин рӯ, дар шароити паҳншавии он иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳолати таназзул, ки ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон қиёс мешавад, қарор дорад. Муаммоҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ба мисли маҳдудиятҳои тиҷорати байналмилалӣ, протексионизми гумрукӣ, буҳрони бозори нефт ва ғайра, ки то пандемия ба амал омада буданд, ҳоло боз ҳам мураккабтар гардонидаанд.

Пандемияи коронавирус такони огоҳкунандаест. Он субъектҳои иқтисодиёти ҷаҳонро ба ҳамгироӣ даъват мекунад ё баръакс, ҳар кадомро водор месозад, ки дар алоҳидагӣ амал намояд. Аз ибтидои пайдоиши пандемияи коронавирус дар Чин рафти паҳншавии он дар ҳама ҷо ба якдигар монанд буд. Дар он шароит кишварҳои мутараққӣ аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои дохилӣ баромада тавонистанд, давлатҳои рӯ ба инкишоф бошанд, танҳо бо ҳамкориҳои мутақобила мушкилотро ҳал менамоянд. Аз ин рӯ, кишварҳои олам бояд бар асоси таҳкурсие, ки муносибатҳои иқтисодӣ, савдои озод ва ҷараёни ҷаҳонишавиро суръат мебахшад, муттаҳид шаванд, ки онро иқтисодиёти рақамӣ таъмин менамояд. Дар шароити паҳншавии пандемияи короновирус зарурати рушди интернет ва шабакаҳо ҳамчун воситаҳои асосии мавҷудият ва пешравии ҷомеа барои доираҳои соҳибкорӣ ва кишварҳо ба ҷои аввал баромад. Инсоният ба давраи нави рақамии рушди муносибатҳои иқтисодӣ ворид шуд.

Зимнан, иқтисодиёти рақамӣ фаъолиятест, ки дар асоси ҷорисозӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ - иттилоотӣ дар ҷараёнҳои истеҳсолӣ, идоракунӣ ва дигар самтҳо ташкил шуда, ҷиҳати таъмини манфиатҳои миллӣ, баландбардории сатҳи зиндагии мардум, инчунин фароҳам овардани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ дар бозорҳои беруна амал мекунад. Иқтисодиёти рақамӣ гузариш ба шаклу сохти нави ҳаёт, моделҳои нави пешбурди тиҷорат ва ташкили ҷараёнҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Мутаассифона, буҳрони ковид-19 муаммои ниҳоӣ набуда, вобаста ба тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳон ва тезутундшавии ҷараёнҳои глобализатсионӣ такроршавии буҳронҳои дигар низ пешгӯӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон нигаронанд, ки инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ бо истеъмолоти беҳудаю беназорат ва нобаробарии иҷтимоӣ то куҷо мерафта бошад? Ҳанӯз 20 сол қабл ҷомеашиноси итолиёвӣ Доменик Белпомм дар бораи 5 сенарияе, ки сайёраро маҷбуран ба нестшавӣ мерасонад, маълумот дод, ки байнашон зуҳури пандемияи сироятӣ низ буд. Пандемияи коронавирус бошад, ҷараёни гузариш ба рақамикунонии ҷомеа, соҳибкорӣ ва тиҷоратро, ки тайи солҳои охир давом дорад, тезонид. Буҳроне, ки маҳдудияти зиёдро дар кишварҳои олам пеш овард, ба иқтисодиёти анъанавӣ зарба зада, ба рушди иқтисодиёти рақамӣ такон бахшид. Кор то ба ҷое расид, ки сарварони кишварҳо аз вохӯриҳои як ба як ва гурӯҳӣ даст кашида, конференсия ва мулоқотҳоро тавассути Skype, Zoom ва дигар барномаҳо анҷом доданд. Илова бар ин, тиҷорат, илму маориф ва соҳаҳои дигар ба платформаҳои онлайн гузашта, хароҷотро то андозае кам карданд. Ҳамчунин, дастрас намудани молу маҳсулот бе алоқаи байниҳамдигарии одамон афзалият ёфта, роботҳои хизматӣ, мағозаҳои худхизматрасони бе фурӯшанда ва дигар самтҳои нави фаъолиятро пеш оварда, ки хавфи сироятёбии одамонро кам гардониданд. Ҳамаи ин ба равнақи муносибатҳои рақамӣ мусоидат намуда, одамон аз тарси сироятбӣ, ба савдои онлайнӣ бартарӣ доданд. Ин ҷиҳат саҳми тиҷорати электронӣ (e-commerce)-ро зиёд гардонид.

Тибқи маълумоти SaaS Quantum Metric, дар давраи пандемия ҳаҷми тиҷорати электронӣ ба 52 дарсад расида, аз рӯи маълумоти Комиссияи Аврупо, бозори ҷаҳонии телетиб (истифодаи технологияи компютерӣ барои табодули маълумоти тиббӣ) зиёда аз 14 фоиз рушд кард. Созмони ЮНЕСКО қайд мекунад, ки 160 давлати дунё таҳсили мактабҳоро ба реҷаи онлайн гузаронидаанд, ки 87 фоизи толибилмонро дар ҷаҳон ташкил менамояд. Зикр бояд кард, ки ҳаҷми хизматрасонии телетиб дар дунё ба 45 млрд. доллари ИМА ва дар Россия ба 2 млрд. доллари ИМА расидааст.

Аз рӯи маълумоти коршиносон, соли 2020 ва аввалҳои соли 2021 сатҳи бекорӣ афзуда, сатҳи тараққиёти иқтисодиёти кишварҳои мутараққӣ қариб 10 фоиз ва мамлакатҳои рушдкунанда 2-3 фоиз поён меравад. Имсол аз таъсири пандемияи COVID-19 фазои тиҷоратӣ дигаргун шуда, иқтисодиёти ҷаҳон беш аз 1 трлн. $ зарар мебинад. Дар баъзе аз кишварҳои ИДМ талабот ба алоқаи овозӣ 15 фоиз, дастрасӣ ба интернети доимӣ 30 фоиз, интернети мобилӣ 10-15 фоиз зиёд мегардад ва бо гузашти давраи муайян ин рақамҳо боз ҳам болотар мераванд.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, бо пайдоиши пандемия суръати рақамикунонии иқтисодиёт даҳ баробар афзудааст. Солҳои тӯлонист, ки дар бораи рақамикунонии иқтисодиёт, дар мисоли корбарии алоҳидагӣ (муросилотӣ, дурӣ аз ҷои кори асосӣ), таҳсилоти фосилавӣ, телетиб ва ғайраҳо), гуфтугузор идома дошта, алҳол муҳимияти ин масъалаҳо бараъло ба чашм мерасад. Буҳронҳо меоянду мераванд, ҳар кадоме ба дигаргуниҳо, пайдоиши соҳаҳои нав дар иқтисодиёти ҷаҳон замина гузошта, муносибатҳои иқтисодиро тағйир медиҳанд. Нобаробарии рақамикунонӣ, ки ба сатҳи таъминоти технологӣ, барномаҳои корбарӣ, асосҳои моддию техникии иқтисодиёти рақамӣ вобаста аст, бо гузашти вақт аз байн рафта, кишварҳоро ба ҳамгироӣ дар бахши рақамикунонии муносибатҳои иқтисодӣ водор месозад.

Як бори дигар исбот шуд, ки саноати телекоммуникатсия дар рушди тиҷорату соҳибкорӣ, муносибатҳои иқтисодии одамону кишварҳо нақши калон дошта, ҳамгироии субъектҳои иқтисодиро дар шароити карантин (lockdown) таъмин месозад. Дар шароити худиҳотанамоӣ, ки 80 фоизи кишварҳо пурра, 20 фоизи дигар қисман карантин ҷорӣ карданд, ду гурӯҳи мутахассисон: кормандони соҳаи тиб ва телекоммуникатсия барои беҳбудии саломатии мардум ва беҳсозии ҳолати эпидемиологӣ саҳми босазо гузоштанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ қариб 15% кормандонро дар ҷойҳои кор монда, 85% дар шароити фосилавӣ аз хонаҳо фаъолият намуданд.

Хусусияти дигари рақамикунонӣ он аст, ки дар баъзе аз кишварҳои ИДМ китобҳои дарсиро ба шакли электронӣ гузаронида, таҳсилоти фосилавиро ҷорӣ намуданд. Ин намуди таълим омӯзиши босифати иловагии хонандагонро таъмин ва барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароит фароҳам сохт. Масалан, дар Федератсияи Россия то соли 2024 минтақаҳо бо технологияҳои нави фосилавӣ таъмин гардида, 70% кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба таҳсилоти фосилавӣ фаро гирифта мешаванд. Калонтарин мактабҳои олии Федератсияи Россия, ба монанди ДДМ ба номи М. В. Ломоносов, ДДСПб, ДФУ, ДИТ Мактаби олии иқтисодӣ ва дигарҳо, барои донишҷӯён онлайн-курсҳо ташкил карданд.

Дар ҷаҳони технологияҳо ва олами рақамӣ омехатшавии фарҳангӣ ба амал омада, дар тиҷорати рақамишуда фарқият байни фарҳанги корпоративӣ аз байн меравад ва шаффофият, суръат, фаъолнокӣ ва моделҳои нави меҳнат, қариб дар ҳама ҷо як хел мешаванд.

Пандемия дар ҷаҳон фаъолнокии доираҳои тиҷоратию соҳибкориро суст гардонид. Масалан, ин ҳолат илова бо нархи пасти нефт дар Россия хисороти иқтисодиётро ба беш аз триллион рубл расонид. Ҳаҷми ММД Федератсияи Россия аз 2,5-5%-и пешгӯӣ шуда, сафи бекорон аз 2,5 то 8 миллион нафар мерасад. Тибқи маълумоти таҳлилгарони байналмилалӣ, иқтисодиёти ҷаҳон аз таназзул зиёда 9 триллион доллари ИМА бой медиҳад.

Роҳбари Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Кристалина Георгиева зикр менамояд, ки иқтисодиёти ҷаҳон ретсессияи бадтаринро нисбат ба буҳрони глобалии иқтисодӣ аз сар мегузаронад, ки дар таърихи 75-солаи хазина кишварҳо ба маблағгузории фаврӣ муроҷиат накарда буданд: якуякбора 85 давлати дунё ба ин намуди маблағгузорӣ дархост пешниҳод карданд. Аз ин рӯ, ХБА аз захираҳо 1 трлн $ ҷудо намуда, ҳаҷми маблағгузории фавриро ду баробар зиёд карда, аз 50 млрд. $ ба 100 млрд. $ мерасонад. Тибқи пешгӯии ХБА, дар натиҷаи пандемия аввали соли 2020 рушди иқтисодиёти ҷаҳон 1,9%, баъд 4,9% поён меояд. Дар минтақаи евро бошад, 10,2% коҳиш ёфтани иқтисодиёт дар назар аст. Таҳлилгарони ХБА зикр намуданд, ки пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳар моҳ 375 млрд. $ зарар мерасонад.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ соли 2020 бо иловаи маблағҳои грантии дастгирикунандаи буҷет ба 23,6 млрд. сомонӣ (28,3% ММД), нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷоти он ба 26,0 млрд. сомонӣ (31,3%ММД) баробар мегардад. Дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бознигарӣ шуда, тибқи он коҳиш ёфтани ҳаҷми номиналии ММД нисбат ба дурнамои тасдиқшудаи соли 2020, аз 87,3 то 83,5 млрд. сомонӣ ва пастравии суръати рушди воқеии он аз 7,8% то 4,7% пешгӯӣ мегардад.

Иқтисодшиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF) пешбинӣ мекунанд, ки пандемияи коронавирус Инқилоби чоруми саноатиро суръат бахшида, ба рақамикунонии иқтисодиёт боис мегардад ва пайдоиши онлайн-иқтисодиёт ба миён меояд. Тиҷорат суст гардида, занҷираи истеҳсолот-фӯрӯш дар шаклҳои дигар, бо афзалияти амалҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад. Дар давраи пандемия бонкҳо хизматрасонии фосилавиро васеъ намуда, ба мизоҷон хадамоти интернет-банкинг, банкинги мобилӣ, смс-банкинг ва ғайраро пешниҳод менамоянд.

Ташаббускорони қабули қарорҳо оид ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, ширкатҳои калони технологӣ, ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор рафта, шароитро барои ояндаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии саноат ва ғайра фароҳам меоранд. Ин ҷо шартҳои ҳимоя ва бехатарии сарчашмаи маълумотї ҳам инфиродӣ ва ҳам корпоративӣ, ҳангоми истифодаи онлайн-замимаҳо ва биометрия, инчунин андозбандии ширкатҳои рақамӣ ба миён меоянд.

Пандемияи коронавирус ба ҳаҷми фоидаи корпоратсияҳои технологӣ низ таъсири манфӣ расонид. Он на танҳо гузариши корхонаҳоро ба ҷараёни рақамикунонӣ тезонид, балки муҳаққиқону олимонро водор сохт, роҳу усули нави истифодаи технологияҳои инноватсиониро барои амалишавии мақсадҳо ҷустуҷӯ намоянд.

Интизор меравад, ки дар иқтисодиёти рақамӣ ҳангоми истифодаи муштараки захираҳо аз рӯи қиёси талаботу пешниҳоди тавоноиҳои истеҳсолӣ (Combiworks) ва пайваст намудани борравонкунандагон бо нақлиёти боркашонӣ (Cargomatic) дар чорчӯбаи B2B ривоҷу равнақ меёбад. Ин дар он ифода меёбад, ки ширкатҳои таҳти фишори бозор қарордошта усули эҷодкорию ба зудӣ кам кардани хароҷотҳо ва ба пул табдилдиҳии дороиҳоро ҷустуҷӯ менамоянд. Масалан, ҳамин ҳолат боис гардид, ки бозори ҳамкории муштараки васоити рақамии ширкатҳои Microsoft Teams, Google Hangouts ва Zoom рушд намуда, арзиши саҳмияҳои ширкати Zoom 50% боло равад.

Ҳолатҳои буҳронӣ, ки аз пандемия ба вуҷуд омаданд, камбудию норасоии рақамикунонии ҷараёнҳои ҷамъиятию сиёсӣ, хоҷагӣ, илму маорифро нишон дода, баъзан ба рақамикунонии саросемаю маҷбурӣ оварда мерасонанд. Зимнан, ҳукуматҳо барои дастгирии соҳибкорӣ як қатор қарорҳои барои рақамикунонӣ вобастаро қабул намуданд. Барои мисол метавон кишвари ҳамсоя - Ӯзбекистонро ном бурд, ки он ҷо рақамикунонии соҳаҳои саноат фаъолона ҷорӣ гардида, шумораи аҳолии ба интернет дастрасидошта ба 67%, яъне ба 22,5 млн. нафар баробар шудааст. Саҳми мутахассисони соҳаи ТИК (технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) миёни аҳолии соҳиби шуғл ба 0,5% мерасад, ки ин нишондиҳанда дар давлатҳои пешрафтаи Иттиҳоди Аврупо ҳафт баробар зиёд буда, 3,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар Россия 77% шумораи умумии хонаводаҳо интернет, 65% аҳолии калонсол барои дохилшавӣ ба интернет телефони мобилӣ истифода бурда, ин рақамҳо мутаносибан дар Корея ва Япония 99% ва 96 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин 42 фоизи интернет-истифодабарандагони калонсол бо почтаи электронӣ кор мекунанд. Барои муқоиса ин нишондиҳанда дар Финландия ва Шветсия - 94%, Чехия - 93%, Британияи Кабир ва Олмон - 92% мебошад.

Пандемияи коронавирус боз як бори дигар муҳимият ва ногузирии коркард ва ҷорӣ намудани технологияҳои мукотибаи фосилавиро ба миён гузошт. Дар рушди чунин технологияҳо блокчейн, ки миёнаравҳоро ҳангоми амалиёт аз байн мебарад, нақши асосӣ мебозад. Дар ин самт Хитой хеле фаолияти хуб дорад, ки тасдиқи он ҷорисозии юани рақамӣ дар асоси технологияи блокчейн мебошад.

Дар бисёре аз кишварҳо ташкили шаҳрҳои доно (smart city) аз рақамикунонии ҳукумат оғоз гардида, баъд аз ин амалишавии барномаю ташаббусҳои гузариш ба шаклҳои рақамии интиқоли иттилоот ба дигар соҳаҳои ҳаёт идома дода мешавад. Дар Британияи Кабир, Дания ва Сингапур ҷараёни ҳамкории доираҳои тиҷоратӣ ва аҳолӣ бо сохторҳои давлатӣ, тавассути онлайн-хизматрасониҳо, замимаҳои мобилӣ ва барномаҳои инноватсионӣ 98% дархостҳоро ташкил менамоянд.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон крипто-асъорҳо, аз ҷумла, биткоин ба монанди дигар асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи қонунии пардохт эътироф нагардидааст ва оид ба истифодаи он низ дастуре нест. Вобаста ба ин дар мамлакат амалиёти молиявию бонкӣ бо истифодаи он гузаронида намешавад. Он танҳо дар шабакаи Интернет дар муомилот қарор дорад. Аз ин рӯ, бинобар ниҳонӣ будани он, муайян намудани шахсияти дорандагони биткоин дар ҷумҳурӣ ва ё аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар давлат ғайриимкон мебошад.

- баландбардории самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби истифодаи васеи ТИК;

- содагардонии раванд ва кам намудани муҳлатҳои расонидани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, ихтисори хароҷоти маъмурӣ, ки ба расонидани ин хизматрасониҳо марбутанд;

- ташкили низоми ягонаи мубодилаи иттилоот бо истифодаи захираҳои иттилоотӣ -электронӣ, ҳамбастагии доимӣ бо низом ва маҳдудиятҳои шабакаҳои бақайдгирии ҳамаи муштариён.

-коркард ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотӣ-таҳлилӣ, ки ҷараёни қабули қарорҳои идоракуниро дар ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ мемонанд;

- автоматикунонии ҳамкории байниидоравӣ ҳангоми қабули қарорҳои идоракунӣ, ҷараёни расонидани хизматрасониҳои давлатӣ;

- дастрасӣ ва шаффофияти иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, васеъ намудани дастрасӣ ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон, муассисаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди ташкилу ташхиси қарорҳои дар ҳамаи сатҳ қабулнамудаи идоракунии давлатӣ;

- баландбардории сифати ҷараёнҳои маъмурӣ-идоракунӣ, таъмини назорати фаврии натиҷаҳои фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ.

Инчунин, барои амалишавии гуфтаҳои боло бояд асосҳои зарурии меъёрӣ -ҳуқуқии ташкили ҳукумати электронӣ ба роҳ монда шавад. Чунончӣ, ташкили инфрасохтори ягонаи таъмини ҳуқуқии ҳамкориҳои электронӣ, ташкили таркибҳои асосии инфрасохтори ҳукумати электронӣ ва рушди хизматрасониҳои электронии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмини бехатарии инфрасохтори иттилоотӣ ва ташкили низоми давлатии автоматикунонии идораи захираҳо ва ғайра.

Коршиносони ширкатҳои машваратии байналмилалӣ аз рӯи маълумоти омории мавҷуда, саҳми иқтисодиёти рақамиро дар ММД кишвар қариб 0,6% ҳисоб мекунанд. Ташаккулёбӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат барои тараққиёти иқтисодиёти миллӣ ояндаи дурахшонеро пешгӯӣ менамояд. Кишвар бо дарназардошти сатҳи баланди маълумотнокии аҳолӣ аз рушди иқтисодиёти рақамӣ баҳраи бисёр ба даст хоҳад овард.

Иқтисодиёти рақамӣ барои мубодилаи иттилоот, илму маориф ва пешбурди шафофи тиҷорату соҳибкорӣ, имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Мақомоти давлатӣ дар риоя намудани низому қоидаҳо ва додугирифти тиҷоратӣ ва бехатарию эътимоднокии онҳо дар фазои рақамӣ, чӣ барои соҳибкорон ва чӣ барои истеъмолкунандагон, нақши калон мебозад.

Бо қабули қарору қонунҳои саривақтию муҳим, мақомоти давлатӣ фазои барои рушди иқтисодиёти рақамӣ мусоидаткунандаро фароҳам меоранд, ки самаранокии фаъолияти онҳо ва ҷомеаро дар умум баланд мебардорад. Мақомоти давлатӣ роҳҳои ҳавасмандгардонии гузариши гурӯҳи кормандонро дар истеҳсолот ба намудҳои нави ҷойҳои кории рақамӣ бояд муайян намоянд.

Хусусияти иқтисодиёти рақамӣ, ки ба иттилооту технологияҳои иттилоотӣ бунёд мегардад, аз он иборат аст, ки маркази ташаккулёбии арзиши изофа тағйир меёбад. Маркази асосии иқтисодиёти анъанавӣ агар истеҳсолот бошад, аз иқтисодиёти рақамӣ муҳандисӣ (engineering) ба шумор меравад, ки ҳама консепсияи иқтисодиёти муосирро муайян месозанд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки он ҳама тағйироти глобалӣ, инсониятро неруманду донотар гардонид ва ҷомеа аз буҳрони короновирус таҷриба гирифта, зеҳну шуурро боз ҳам ба эҷоду ихтироъкорӣ раҳнамо сохт.

Читайте также: