Корхонаи нави кори пахта

Обновлено: 25.04.2024

Чаро фаъолияти 4 корхонаи пахта боздошта шудааст? Оё хатҳои технологии онҳо ҷавобгўи талаботанд? Мавсими қабули пахта наздик, масъулон чӣ тадбирҳоро амалӣ менамоянд?

Инак, барои деҳқонон, махсусан пахтакорони вилоят маъракаи муҳим - саривақту беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рўёнидаашон фаро расид. Ин як тарафи масъала бошад, дигараш, бояд онҳо ҳосили ҷамъоварда-ашонро барои коркард ба заводҳои пахтақабулкунӣ супоранд. Оё имрўз корхонаҳои пахтатозакунии вилоят ба қабули дастранҷи марди деҳқон омодаанд?

Бо ин суол мо ба сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев муроҷиат намудем. Ў оиди вазъи омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоят чунин ибрози ақида кард:

- Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, гурўҳи корӣ таъсис дода, аз 29 июл то 4 августи соли ҷорӣ рафти омодагии корхонаҳои пахтатозакунии вилоятро барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2015 мавриди таҳлил ва омўзиш қарор додем.

Дар натиҷа маълум гардид, ки корхонаҳои пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2014 ба миқдори 97295 тонна пахтаи хом бо вазни кондитсионӣ захира ва коркард намуда, аз он 34516 тонна нахи соф гирифтаанд. Баромади миёнаи нах 35,7 фоиз (меъёр 34,7 фоиз) буда, 55054 тонна чигит ё 56,9 фоиз (меъёр 57,2 фоиз), 1434 тонна тибит 1,5 фоиз (меъёр 1,7 фоиз), 772 тонна торак ё 0,8 фоиз (меъёр 0,7 фоиз) ва 580 тонна пати сиклонӣ ё 0,6 фоиз (меъёр 0,5 фоиз) истеҳсол гардидаанд.

Имсол низ майдони кишти навъҳои хориҷӣ боз ҳам васеъ карда шуд. Аз натиҷаҳои коркарди ниҳоии пахтаи ҳосили соли 2014 аён гардид, ки баромади нахи пахтаи навъҳои хориҷӣ нисбат ба навъҳои ватанӣ баланд буда, он қиёсан аз 36,7 то 40,7 фоизро ташкил намуд.

Алҳол дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолии онҳо дар як сол зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта мебошад. Аз ин миқдор хатти технологии коркарди 12 адади он бо таҷҳизотҳои муосири муҳаррикҳояшон каммасрафи истеҳсоли давлатҳои Чин, Олмон, Туркиё ва ИМА муҷаҳҳаз шудааст. Дар ин корхонаҳо 2545 нафар фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 305 нафар кормандони доимӣ, боқимонда 2240 нафар кормандони мавсимианд.

Нақшаи омодагии боқимонда 21 корхонаи коркарди пахта ҳангоми санҷиш аз 15 то 95 фоизро ташкил дод. Ин коргоҳҳо барои қабул ва коркарди пахтаи ҳосили нав сари вақт базаи моддӣ-техникиро омода намуда истодаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Оғози бунёди нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 20.09.2018

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Соли 2015 соҳибкори ватанӣ Даврон Ахмедов корхонаи коркарди пахтаро бо иқтидори 20 ҳазор тонна дар як сол таъсис дода буд. Акнун бо ба даст овардани фоидаи соф соҳибкорон дар шафати корхонаи коркарди пахта коргоҳи истеҳсоли равған бунёд намуданд.

Дар корхонаи навтаъсис, ки иқтидори коркарди 65 тонна ашёи хомро дар як шабонарӯз дорад, 25 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.

Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад. Равғани босифати растанӣ дар зарфҳои 2, 3 ва 4-литра ҷой дода шуда, ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд бароварда мешавад. Таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои пешрафтаи русӣ ва чинӣ ворид карда шудааст.

Дар корхонаи коркарди пахта, ки дар ҳаминҷо сохта шудааст, то 50 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд. Пахта аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ворид мегардад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи нави равғанбарорӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни кори он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот изҳори сипос карда, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар назди корхонаи нави истеҳсоли равған Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” шинос шуданд.

Соли 2009 зимни як сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Сарвари давлат аввалин агромағозаро ифтитоҳ карда, барои вусъати корҳо ва мусоидат ба пешрафти соҳаи боғдорию кишоварзӣ ба роҳбарияти ноҳия барои ҷудо намудани замин ба ширкати ватанӣ супориш дода буданд.

Ҳамин тавр бо дастури Президенти мамлакат ба Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи “Нексигол” 5 гектар замин ҷудо карда шуд, ки айни ҳол дар он боғи интенсивӣ бунёд гардида, якчанд навъи себ ва шафтолу парвариш карда мешавад.

Барои истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар байни қаторҳо қулфинай, карамҳо, помидор, қаланфур ва ҷуворимакка кишт мекунанд.

Зимни ифтитоҳи агромағоза ба роҳбарияти ҷамъият супориш дода шуда буд, ки аз ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ маҳсулот ворид намоянд.

Ҳамаи молу маҳсулоти мағоза, ки ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад, барои парвариши зироат ва боғдорию сабзавоткорӣ хеле муфид аст. Аз ин мавод ҷиҳати беҳтар кардани тухмии зироат, нест кардани ҳашароти зараррасон ва эмин нигоҳ доштани дарахтон васеъ истифода мебаранд.

Аз тарафи ширкат бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол дар 12 шаҳру ноҳия филиали агромағоза кушода шудааст.


Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ҷамъияти мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори меҳнаткашон баҳои арзанда дода, онҳоро барои истифодаи имкониятҳои мусоиди боду ҳаво ва хоки зархези сарзамин ҳидоят карданд.

Корхонаи нави кори пахта thumbnail

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва иқтидору имконияти истеҳсолии 9 корхонаи нави саноатӣ, ки ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони қариб 9 гектар бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Иқдоми мазкур, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешавад, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, коргоҳи дӯхти либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти ордӣ, коркарди меваи хушк ва афшура аз мева, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ, корхонаи истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, корхонаи коркарди сангҳои ранга ва худҷило, корхонаи истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқӣ, корхонаи истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо инобати талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат дар ин корхонаҳо молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол карда шуда, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Калонтарин корхонаи дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёдшаванда – корхонаи коркарди пахта то ҳадди ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин мебошад, ки бо харҷи 50 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 2000 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои бунёду муҷаҳҳазгардонии нуҳ корхонаи нави саноатӣ сарфи қариб 150 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорон изҳор доштанд, ки дар шароити имрӯза воридоти технологияи нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонӣ таъмин гардад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла тавлиди молу маҳсулоти рақобатпазир таъкид гардид, ки дар корхонаҳои Минтақаи саноатии “Душанбе” технологияи муосири истеҳсоли бонуфузтарин ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Германия, Италия, Белгия, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия васлу насб карда мешаванд.

Масъулони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат”, “Шаҳзода”, “Грин Голд”, “Норд Азия Металл”, “Асрори Санг”, “Ноқили Талко” ва “Технологияи барқӣ ва бехатарӣ” ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки марҳила ба марҳила то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корхонаҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз таъсиси минтақаҳои саноатию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, афзоиш бахшидани иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аксари корхонаҳои коркард ба таври мавсимӣ аз 3 то 6 моҳ фаъолият мебаранд, ки боиси бекор мондани сокинон мегардад
7 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунию равғанкашӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Нахуст дар назди ҳозирин вобаста ба масъалаҳои кишт, парвариш, пахтачинӣ, коркард, интихоби тухмиҳои хушсифат муовини Раиси вилоят Сулаймон Зиёев гузориш дод. Тавре иттилоъ дода шуд, соли ҷорӣ кишоварзони вилоят дар майдони наздик 43 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд, ки аз ин 64,7 фоизашро навъи тухмиҳои хушсифати хориҷӣ ташкил медиҳад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корхонаҳои пахтатозакунии вилоят соли 2014 аз ҳисоби ҳосили пахта ба миқдори 97 ҳазору 295 тонна пахтаи хом захира ва коркард намуда, аз он 34 ҳазору 516 тонна нахи соф ба даст овардаанд, ки ин 35,7 фоизро ташкил медиҳад. Ба гуфти муовини Раиси вилоят, соли 2014 баромади миёнаи чигит дар вилоят нисбат ба меъёри муқарраргардида 0,3 фоиз кам гардидааст, ки ин асосан аз ҳисоби корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ “Мўъмин инвест коттон”-и ноҳияи Ашт, бахши Зафарободии ҶСП “Деҳқон”, ҶДММ “Эрудит”, ҶДММ “Довуди Зафаробод”-и ноҳияи Зафаробод, ҶС “Ҳабиб”-и шаҳри Конибодом мебошад.

Дар ин корхонаҳо пахта бо намнокии баланд ворид гардидааст, ки дар натиҷаи коркард намудани пахтаҳои навъи сеюм ва чорум баромади тибит кам гардида, нишондоди зағолакҳои истеҳсолӣ аз меъёри муқарраргардида 0, 2 фоиз зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки бо назардошти нархи нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва талабот ба ин ашёи хоми саноатӣ соли 2014 бо ташаббус ва дастгирии Раиси вилоят аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон навъҳои тухмиҳои хориҷии хушсифат ва серҳосили пахта оварда шуда, дар заминҳои вилоят кишт гардиданд. Ҳамчунин, аз ҷумҳурии халқии Хитой ба хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба миқдори умумии 46 тонна навъи тухмии “Синюза-39” дастрас карда шуд. Натиҷаи кишти тухмиҳои хориҷии пахта дар соли 2014 нишон дод, ки сатҳи ҳосилнокӣ аз ин намуди тухмиҳо нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ баромади ҳақиқии нахи он 36, 7 то 40, 7-фоизро ташкил медиҳад.

Дар мавсими коркарди пахтаи ҳосили соли 2014 корхонаҳои пахтатозакунӣ, аз қабили ҶДММ “Рахшона”-и ноҳияи Ашт, ҶДММ “Фаронак”, “Зафаробод инвест”-и ноҳияи Зафаробод, ҶДММ “Музаффар”-и ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ “Юсуф-саркор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶС “Сидней-Хуҷанд”-и шаҳри Қайроққум ва ғайра фаъолияти пурсамар намудаанд. Аз ҷумла, дар ин корхонаҳо баромади ҳақиқии нахи софи навъҳои хориҷии пахта аз 36 то 40,9 фоизро ташкил медиҳад. Вале зикр кардан ҷоиз аст, ки дар корхонаҳои алоҳидаи вилоят, аз ҷумла дар ҶДММ “Довуд”-и Зафаробод, ҶДММ “Солеҳ”-и ноҳияи Мастчоҳ, “Деҳқон”-и ноҳияи Спитамен, ҶДММ “Эрудит”-и ноҳияи Зафаробод ва ҶСШК ба номи А. Ҷумъаев баромади миёнаи нах нисбат ба ҳисоби миёнаи вилоят паст мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар вилоят 33 корхонаи коркарди пахта мавҷуд буда, иқтидори коркарди онҳо дар як сол зиёда аз 400-450 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.


Аз миқдори зикргардидаи корхонаҳо 12 адади онҳо бо таҷҳизоти муосиру ҳозиразамони истеҳсолӣ таъмин мебошанд. Аз рўи ҳисобҳо, иқтидори солонаи корхонаҳои равғанкашӣ бошад, 100 ҳазор тонна зиёд пунбадона мебошад. Бояд гуфт, ки аксари ин корхонаҳо ба таври мавсимӣ аз 3 то 6 моҳ фаъолият мебаранд, ки боиси бекор мондани сокинон мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар қаламрави вилоят айни замон 34 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар чунин корхонаҳои фаъолиятбаранда дар давоми 8 моҳи сипаришуда 9548 тонна чигит, 1100 тонна офтобпараст, дар маҷмўъ 11,4 ҳазор тонна ашёи хом коркард ва дар натиҷа 1666 тонна равғани софи растанӣ истеҳсол гардидааст.

Раиси вилоят масъалаҳои мазкурро ба таври дақиқ таҳлилу баррасӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки пахта яке аз ашёи хоми асосии саноатӣ ва содиротӣ дар мамлакат мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки бояд кишти тухмиҳои хориҷии пахта, ки сатҳу сифати ҳосилнокии хубро доро мебошанд, пурра дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор ҷорӣ карда шаванд. Тавре зикр гардид, аксари хоҷагиҳое, ки навъҳои тухмиҳои хориҷии пахтаро кишт намудаанд, ҳосилнокии хубро ба даст овардаанд. Масалан, хоҷагиҳое ба қайд гирифта шудаанд, ки бо кишт намудани навъҳои тухмиҳои хориҷӣ дараҷаи ҳосилнокиро аз ҳар як гектар то ба 69 сентнер расонидаанд.

Дар машварат гуфта шуд, ки ҳаққи чиниши пахта соли ҷорӣ на камтар аз 30 дирам ба роҳ монда шуда, чиниши пахта бо истифодаи қувваи кории аъзоёни хоҷагӣ сурат гирад. Ғайр аз ин бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо марказҳои хизматрасонии техникӣ зиёд гардонида, сатҳи хизматрасонӣ бояд боло бурда шавад. Раиси вилоят таъкид дошт, ки фурўши пахта дар кишвар озод буда, ҳар як хоҷагидор метавонад, дар дохили кишвар бо ёфтани харидорон маҳсулоти худро ба фурўш барорад. Аммо дар сурати ба хориҷи кишвар ба фурўш баровардан 10 фоиз аз фоида андоз супорида мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси вилоят таъкид гардид, ки дар анҷоми чиниши пахта дар соли ҷорӣ беҳтарин чинакчиён, корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои равғанкашӣ бо Сипоснома ва Ифтихорнома қадрдонӣ мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Читайте также: